Дозаи савум ба киҳо зарур аст?


Эпидемиологи асосии ИМА Энтони Фаучер дар як барномаи шабакаи телевизионии NBC News гуфт, ки бо эҳтимоли қавӣ дозаи савуми ваксинаи коронавирус барои кӯҳансолон ва нафароне, ки кори системаи иммунитеташон вайрон шуд, зарур хоҳад буд.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз New York Post, Фаучи рӯзи 8 август гуфт, “Бешубҳа, бо гузашти вақт ҳимояи шумо заъифтар хоҳад шуд. Ба маълумоти ширкати Pfizer нигоҳ кунед – баъди чанд моҳ ҳимояи ваксинаи Pfizer аз 90 то 84 дарсад коҳиш меёбад”.
Ба гуфтаи Фаучи, бо мурури замон заъиф шудани ҳимояи иммунитет боиси гирифатани дозаи савум мегардад. Нахуст кӯҳансолон, баъдан ҳама бо дозаи савум эм хоҳанд шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ