Абдусалом Самадов аз олам даргузашт

Олими адабиётшинос, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, марди донишманд, муҳаққиқи варзида, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдусалом Самадов аз олам даргузашт

6 августи соли 2021 олими шинохта, инсони хеле самимӣ адабиётшиноси варзидаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, устози маҳбуби садҳо шогирдон, падари мушфиқу ғамхор, бобои меҳрубон Абдусалом Самадов аз олам чашм пўшид.
Абдусалом Самадов соли 1955 дар маҳаллаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 25 соли 1972, ба факултаи филологияи ўзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, соли 1977 онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1977-1980 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси корманди адабӣ, тарҷумон ва хабарнигори махсуси рўзномаи онвақтаи «Ҳақиқати Ўзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») оғоз кардааст.
Соли 1985 дар Шўрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар мавзўи «Ҳамоҳангии диалектикаи миллӣ ва байналмилалӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» рисолаи номзадии хешро таҳти роҳбарии доктори фанҳои филологӣ, профессор Раҳим Муқимов бомуваффақият дифоъ кардааст.
Солҳои зиёд олим дар донишгоҳ ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ҷонишини декан оид ба корҳои таълим, декани факултаи филологияи тоҷик кор ва фаолият нишон дод. Устод Абдусалом Самадов тамоми умри худро ба омўзиши муҳимтарин паҳлўҳои равобити адабии ўзбеку тоҷик, ҷанбаъҳои муҳими рўзмарраи адабиёти халқҳои ҳамдўстӣ, омўзиши масоили мубрамтарини адабиёти муосир ва назарияи адабиёт бахшида буд. Муаллифи зиёда аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ ва дастурҳо ва 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ буд. Муаллим дар ҷодаи таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаи умумии Ўзбекистон корҳои зиёдеро анҷом додааст. Махсусан, саҳми устод дар таҳияи консепсияи нави таълим, таҳия ва омодасозии барномаҳои миллии таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ, таъсиси корҳои услубӣ-илмӣ назаррас буд.
Абдусалом Самадов инсони хеле самимӣ, мутахассиси варзида, омўзгори пурмаҳсул, журналисти моҳир, олими барҷаста, эҷодкори зуллисонайн буд. Марги ин шахсияти фозилу пуртамкин барои устодони Донишгоҳи давлатии Самарқанд, шогирдон, Маркази миллии тоҷикони Ўзбекистон, наздикон ва дўстони ў талафоти бузург аст. Ягона таскину тасаллои дилҳо асарҳои илмии бебаҳои устод доир ба илми адабиётшиносӣ аст.
Ҷамоаи рӯзномаи “Овози Самарқнад” ва маъмурияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд, устодони факултаи филология, кормандон ва муаллимони кафедраи филология ва забонҳои Шарқ ба аҳли хонавода, фарзандон ва шогирдони Устод, инчунин ҳамаи пайвандону хешовандон ҳамдардӣ изҳор мекунанд. Бигзор подоши аъмоли неки устод дар соҳаи илму маърифат ба сифати аъмоли неку наҷиби устод манзили охирати ин шахсро пурнуру мунаввар созад!

Ёдовар мешавем, ки ҷанозаи Абдусалом Самадов пагоҳ соати 9:00 дар маҳаллаи Қӯрғончаи шаҳри Самарқанд баргузор мегардад.

.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ