Ба ҷойи шабакаи телевизионии “Oilaviy” шабакаи дигар таъсис дода мешавад

Қарори ҳукумат «Дар бораи чораҳои таъсиси шабакаи телевизионии хориҷии «Foreign Languages» қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур, дар заминаи шабакаи телевизионии «Оила»-и Телерадиокомпанияи миллии Ӯзбекистон шабакаи телевизион ва радиои «Foreign Languages», ки ба забонҳои хориҷӣ тахассус дорад, таъсис дода мешавад.
Ин шабака барномаҳои худро бо забонҳои хориҷӣ 24 соат пахш мекунад ва ҳадди аққал 3 соат вақти эфирӣ барои омӯзиши онлайнии забонҳои хориҷӣ ҷудо карда мешавад.
Корҳои телевизионӣ бо забонҳои хориҷӣ барои кӯдакон бе дубляж, ба забони аслӣ, бо субтитрҳо бо забонҳои ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ дар ҳолати зарурӣ пахш карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ