Роҳбари Чин ба нишасти сарони СҲШ ба Душанбе намеояд


Сарони кишварҳои Чину Муғулистон, сарвазири Ҳиндустон ва дабири кулли СММ тариқи онлайн иштирок мекунанд. Дар ин бора Азия-Плюс хабар дод.
Дар Душанбе рӯзи 17 сентябр маҷлиси Шӯрои сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ба 20-умин солгарди таъсиси СҲШ бахшида шудааст, баргузор мегардад.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар саммити сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ (онлайн), президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, раиси Чин Си Ҷинпин (онлайн), президенти Қирғизистон Содир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозир дар СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко, президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух (онлайн), президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ҳайси меҳмони фахрӣ, инчунин дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.
Дар нишаст инчунин Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, МҲТБО, ЭКО ва ИИАА ширкат хоҳанд варзид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ