Далелҳои ҷолиб дар бораи забон


Забон – як узви аҷиб мебошад. Он ба фаҳмидани таъм, хӯрокро хоида фурӯ бурдан ва сухан гуфтан кӯмак мекунад.
Нӯги забон қисми ҳассостарини танаи мост. Ва ин тасодуфӣ нест. Ба туфайли ҳассосияти баланди нӯги забон ҳатто хурдтарин чизҳои хӯрданашаванда — ба мисли мӯй, устухонҳои моҳӣ ё донаҳои қумро зуд ҳис мекунад.
Забони мардон назар ба забони занон дарозтар аст. Ба ҳисоби миёна дарозии забони марди калонсол 8,5 см ва зани калонсол 7,9 см. мебошад. Изҳо (отпечатка)-и забон мисли изи ангушт беназиранд.
Забон метавонад фарбеҳ шавад мисли танаи мо. Ба ғайр аз мушакҳо, дар забон бофтаи чарбу мавҷуд аст. Захираҳои он вақте ки мо вазн мегирем, меафзояд. Ин аст, ки одамони фарбеҳ аксар вақт аз синдроми апноэи хоб азият мекашанд (ё содда карда гӯем, нафаскашӣ ҳангоми хоб қатъ мешавад). Дар ҳолати горизонталӣ забони «ғафсшуда» роҳи нафасро мебандад ва нафаскашии муқаррариро душвор месозад.
Забони хушк таъмро ҳис намекунад. Забони солим ҳатман гулобӣ нест. Забони каме сафед ё каме зардчатоб низ хуб аст. Бактерияҳое, ки доимо дар холигии даҳон зиндагӣ мекунанд, ҳамин тавр мекунанд. Аммо қабати ғафс (сафед, зард ё ҳатто сиёҳ), пайдоиши ҳар гуна нуқта ё доғ дар забон аксар вақт аз муаммо далолат мекунад. Сабабҳои тағйирот метавонанд инфексия, аллергия, осеб, норасоии витаминҳо ё бемории варамҳо бошанд – мутаассифона, на ҳама вақт хубанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ