Улоғ мағз надорад

Рӯзе аз рӯзҳо дар ҷангали дур шере зиндагӣ мекард, ки бисёр қавӣ буду қудрати бисёр зиёде дошт, аммо ин шер ба сабаби гузашти замон пиру пиртар шуда буд ва бисёр заъиф шуда буду қудрати инро надошт, ки ба шикор баравад. Барои ҳамин баъзе аз рӯзҳоро бо гуруснагӣ сипарӣ мекард. Саранҷом шер аз ин вазъ хаста шуд. Барои ҳамин рӯбоҳро садо кард ва гуфт: Салом бар ту, эй дӯсти азизам, ману ту солҳо аст, ки ҳамдигарро мешиносему дӯстони бисёр самимӣ ҳастем, барои ҳамин ман мехоҳам туро ба унвони вазири аъзами худам интихоб кунам.
Рӯбоҳ медонист, ки шер аз ин кор манзуре дорад, вале наметавонист ба ӯ не бигӯяд, барои ҳамин гуфт: Олиҷаноб ман ин ифтихорро мепазирам.
Бо ин ҳарф шер бисёр хушҳол шуд ва ба рӯбоҳ гуфт: Офарин бар ту, вале ту ба унвони як вазир бояд ба масоили ғизоии ман низ тавваҷуҳ кунӣ ва барои ман ғизо таҳия кунӣ.
Рӯбоҳ каме фикр карду гуфт: Бале, олиҷаноб, ман акнун барои пайдо кардани ғизо меравам. Ва вориди дашт шуд, каме ки ҷилав рафт ба як улоғи чоқ расид. Рӯбоҳ хандид ва ба тарафи улоғ давиду гуфт: Билохира пайдоят кардам, ҳафдаҳ рӯз аст, ки дорам ба дунболат мегардам.
Улоғ гуфт чаро?
Рӯбоҳ гуфт: Шер — султони ҷангал тасмим гирифтааст, ки туро ба унвони вазири худ интихоб кунад.
Улоғ гуфт, аммо ман аз шер метарсам, шояд ӯ маро бикушаду бихӯрад, чиро маро ба унвони вазири аъзам интихоб карда? Ман муносиби вазир шудан нестам, лутфан маро танҳо бигузор.
Рӯбоҳ гуфт: Ту хусусиёти беназири худатро намедонӣ, ҳамин чиз аст ки туро ҷаззоб кардааст. Султон туро хеле дӯст дорад, чун ту оқили меҳрбону пуркор ҳастӣ.
Улоғи бечора фикр кард, ки шояд рӯбоҳ рост мегӯяд, барои ҳамин ба рӯбоҳ эътимод карду ҳамроҳи рӯбоҳ ба мулоқоти шер рафт. Вақте ки онҳо ба шер расиданд, улоғ тарсиду ҷилавтар нарафт. Рӯбоҳ гуфт: Султон, вазири аъзам хеле хиҷолатӣ ҳастанд, дудил аст, биёяд ҷилав ё на?
Шер гуфт: Ман аз ин гуна шикастанафсиҳо хушам меояд, ман худам ба пешаш меоям. Ӯ ланг лангон ба тарафи улоғ рафт. Улоғ аз дидани шер бисёр тарсид ва барои ҳифзи ҷонаш фирор кард.
Шер бо хашм ғуррид ва бар сари рӯбоҳ фарёд кашиду гуфт: Ту сари ман кулоҳ гузоштӣ, он қадар гурусна будам, ки мехостам дуруст қурташ бидиҳам, бирав онро бароям биовар, дар ғайри ин сурат туро мекушам.
Рӯбоҳ гуфт: Олиҷаноб, шумо хеле аҷала кардед, бояд мегузоштед, ӯро наздиктар кунам ва баъд ӯро мекуштед.
Акнун ман меравам ва ӯро бо худам меоварам.
Рӯбоҳ рафт ва улоғро диду гуфт: Ту мавҷуди масхарае ҳастӣ, чаро он тавр давидӣ?
Улоғ гуфт, хеле тарсида будам, фикр кардам шер мехоҳад, маро бикушад.
Рӯбоҳ гуфт: Хеле аҳмақ ҳастӣ, агар султон мехост туро бикушад, ин корро мекард ва ту ҷон солим ба дар намебурдӣ.
Росташ, султон мехост дар мавриди мамлакат розе ба ту бигӯяд, вале ман набояд он розро мешунидам. Ҳоло султони мо дар мавриди ту чӣ фикр мекунад? Бо ин ҳол ҳамроҳи ман биё ва аз ӯ маъзаратхоҳӣ кун. Ту намедонӣ, ки бо хидмат ба султон қудратмандтарин ҳайвон хоҳӣ буд, ҳамаи ҳайвонот ба ту эҳтиром мегузоранд ва аз ту талаби бахшишу раҳмат мекунанд.
Улоғ дубора фикр кард, ки рӯбоҳ ба ӯ рост гуфта, бинобар ин мувофиқат кард, ки ба назди шер бозгардад. Рӯбоҳ ва улоғ наздики шер рафтанд. Ин бор шер бо хунсардӣ гуфт: Хуш омадӣ дӯсти ман, ту бо номеҳрбонӣ давидиву рафтӣ, наздиктар биё ту вазири аъзами ман ҳастӣ.
Вақте улоғ наздиктар шуд, шер ба ӯ ҳамла карду бо як зарбаи муҳкам ба сари улоғ ӯро кушт ва аз рӯбоҳ ташаккур кард. Вақте ки мехост улоғро бихӯрад, рӯбоҳ гуфт: Султон, дуруст аст ки шумо гурусна ҳастед, аммо султон бояд қабл аз ғизо ҳаммом кунанд.
Шер каме фикр карду гуфт: Ҳарфат дуруст аст.
Ӯ барои ҳаммом ба канори рӯд рафт. Дар набуди шер рӯбоҳ каме фикр карду гуфт: Ман будам, ки бо заҳмат ин улоғро ба ин ҷо кашондам, вале шер бо ҳамоқати худ онро аз даст дод, ин ман ҳастам, ки шоистаи хӯрдани беҳтарин қисмати улоғ ҳастам.

Баъд сари улоғро шикофту мағзи улоғро хӯрд.
Вақте ки шер аз ҳаммом бозгашт мутаваҷҷеҳ, шуд ки сари улоғ шикофта шуда ва гуфт: Пас чаро сари ин улоғ шикофта шуда?
Рӯбоҳ гуфт: Олиҷаноб, худатон бо як зарба сари ин улоғро хурд кардеду ӯро куштед.
Шер дубора пурсид: Пас мағзаш ку?
Рӯбоҳ гуфт: Қурбон, улоғҳо, ки мағз надоранд. Агар ин улоғ мағз дошт, ки дафъаи дуввум инҷо намеомад.
Шер мутаваҷҷеҳи нукта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ