2832 нафар хонандагон бесабаб дар дарсҳо иштирок намкунанд. Сабаб?

Аз тарафи Вазорати таълими халқ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати дастгирии маҳалла ва оила, инчунин Агентии кор бо ҷавонон байни мактаббачагон тадбирҳои «Давомот» -гузаронида шуд. Дар ин бора хизмати матбуотии Вазорати таълими халқ хабар дод.

Дар рафти рейдҳо 2832 нафар хонандагоне аниқ гардиданд, ки бесабаб дар дарсҳо иштирок намекунанд.
Аз инҳо, ҳангоми дарс:

  • 439 нафар дар интернет -кафе;
  • 68 дар клуб-интернети шабона;
  • 338 нафар дар бозор бо савдо ва аробакашӣ машғул;
  • 39 нафар дар кӯчаҳо;
  • 15 нафар бо чиптафурӯшӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ машғул буданд.
    Ҳамаи онҳо ба хондан ҷалб карда шуданд.

Шаҳру ноҳияҳои сераҳолитарин ва камаҳолитарини Ӯзбекистон

Шаҳри Ғозғони вилояти Навоӣ дар байни шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон камаҳолитарин шаҳр ба шумор меравад. Дар ин бора Кумитаи давлатии статистика хабар додааст.
Бино ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 шаҳру ноҳияҳоҳое, ки шумораи аҳолии доимии онҳо дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳама кам аст:

Шаҳри Ғозғон — 8,9 ҳазор нафар;
Ноҳияи Томдӣ — 15,3 ҳазор нафар;
Ноҳияи Қаровулбозор — 18,9 ҳазор нафар;
Ноҳияи Бӯзатов — 21,8 ҳазор нафар;
Шаҳри Ширин — 19 ҳазор нафар;
Ноҳияи Янгиобод — 28,9 ҳазор нафар;
Ноҳияи Мўйноқ — 32,8 ҳазор нафар;
Ноҳияи Конимех — 36,6 ҳазор нафар;
Ноҳияи Учқудуқ — 38,1 ҳазор нафар;
Шаҳри Оҳангарон — 39,9 ҳазор нафар.

Бино ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 шаҳру ноҳияҳоҳое, ки шумораи аҳолии доимии онҳо дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҳама зиёд аст:

Шаҳри Намангон — 657 ҳазор нафар;
Шаҳри Самарқанд — 559,4 ҳазор нафар;
Ноҳияи Ургут — 528,9 ҳазор нафар;
Шаҳри Андиҷон — 456,4 ҳазор нафар;
Ноҳияи Чироқчӣ — 428,8 ҳазор нафар;
Ноҳияи Денов — 397,3 ҳазор нафар;
Ноҳияи Олмазор — 383,1 ҳазор нафар;
Ноҳияи Пастдарғам — 365,3 ҳазор нафар;
Ноҳияи Юнусобод — 356,9 ҳазор нафар;
НоҳияиШайхонтоҳур — 352,8 ҳазор нафар.
Суннатилла Абдуллоев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ