Собиқ котиби давлатии ИМА Колин Пауэлл даргузашт

Колин Пауэлл, собиқ сиёсатмадори ИМА, ки тақрибан 50 соли умраш дар вазифаҳои гуногуни вазорати мудофиа, вазорати корҳои хориҷӣ ва Кохи Сафеди ИМА сипарӣ шуд, дар синни 84 даргузашт. Дар ин бора РБК хабар дод.
Бино ба хабари Reuters, коронавирус боиси марги ӯ шуд.
Колин Пауэлл солҳои 2001-2005, ҳангоми раисҷумҳурии Ҷорҷ Буши хурд вазири корҳои хориҷӣ – раиси департаменти давлатии ИМА буд. Ӯ ҳамчун сарбоз дар ҷанги Ветнам иштирок кардааст. Раисҷумҳури 40-ми ИМА Роналд Рейган ӯро соли 1987 мушовири амнияти миллии худ таъин карда буд.
Колин Пауэлл дар ду амалиёти ҷангии ИМА– Нахустин ҷанги Халиҷ (соли 1991, амалиёти “Тӯфон дар саҳро”) ва ҳуҷум ба Ироқ (соли 2003) дар мақоми раиси ситоди кулл ва вазири корҳои хориҷӣ ширкат варзидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ