Самбочиёни ӯзбекистонӣ чемпионати Гретсияро бо 17 медал анҷом дода, бо ҳисоби умумҷамоа дуюм шуданд

Дар Гретсия оид ба намуди варзиши Самбо миёни ҷавонон ва наврасон чемпионати ҷаҳон гузаронида шуд.

Дар қатори дигар дастаҳои пурқуввати ҷаҳон дастаи Ӯзбекистон низ иштироки муносиб нишон дод. Боиси хурсандист, ки ба охири мусобиқа омада, шумори медалҳои тиллои дастаамон ба 6-то, медалҳои нуқрагӣ ба 3-то ва медалҳои биринҷӣ ба 8-то расидааст. Бо ин натиҷаи таърихӣ самбочиёни кишварамон дар рейтинги умумҷаҳони ҷои дуюмро соҳиб гаштанд.
Аз миёни дастаи мунтахаби Ӯзбекистон якқатор варзишгарони самарқандӣ шаъни кишварро ҳимоя намуда, сазовори ҷоиза гардиданд.
Аз ҷумла, Шаҳриёр Маматқулов (ноҳияи Самарқанд, устодонаш Сардор ва Нодир Асроровҳо) ҳамаи вохӯриҳои худро бо ғалаба анҷом дода, дар миёни варзишгарони синнашон то 20 қаҳрамони мутлақи ҷаҳон эътироф гардид.
Инчунин, Аъзам Рашидов (шаҳри Самарқанд, мураббияш падараш Акмал Раҳимов) сазовори медали нуқра, Дилрух Аслиддинов (шаҳри Самарқанд, мураббияш Бахтиёр Ҳакимов) сазовори медали биринҷӣ ва Эъзоза Абдумӯминова (ноҳияи Тайлоқ, мураббияш Шавкат Ҷӯраев) сазовори медали нуқрагӣ гардиданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ