Ҳама номи некӣ бувад ёдгор


Имрӯз зодрӯзи адабиётшиноси маъруф, донишманди заковатманд, устоди арҷманд, шодравон Абдусалом Самадов аст

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар толори калони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд  бахшида ба гиромидошти хотираи устод конфронси байналхалқии илмиву амалӣ баргузор мегардад.


Чунонкун зиндагонӣ дар замона,
Ки аз вай зинда монӣ ҷовидона
Ҳақ асту рост, ки марг, бо он ки медонем, “Куллу нафсин зоиқат-ул-мавт”, яъне хамеша ғайри чашмдошту ғайри интизор ногаҳон дармерасад ва дили хешу пайвандон ,ёру дӯстони марҳумро реш-реш мекунад. Хабари шуми дар Украина фавтидани ҳамкору ҳамқалами мо Абдусалом Самадӣ, ки тайи беш аз сӣ сол дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақом ва ҷойгоҳи хосса дошту маҳфилиадабу фарҳанги тоҷикро зинат мебахшид, бештар дар ҳайрату тааҷҷуб гузошт. Бинобар ҳамин ҷамоаи донишгоҳ, мардуми Самарқанд, ҳамқаламону шогирдон 12 августи соли гузашта ҷасади ӯро ба рӯи китфу болои сар гузошта ба роҳи охирин гусел намуданд. Воқеан, мо бо шодравон Абдусалом Самадӣ қариб ҳамсолу ҳамкасб будем, гоҳ-гоҳ шӯхиомез ӯро Абдусалом Деҳотӣ ном мебурдем.
-Не-не, ман Абдусалом Самадӣ, устодам, дӯсти падари бузругворам Абдусалом Деҳотӣ, — завқ карда механдид вай, — хубтараш, Боғимайдонӣ ҳастам.
Сипас маълум шуд, ки Абдусалом Деҳотӣ ҳар гоҳ аз Душанбешаҳр ба зодгоҳ ояд, мардуми деҳаи Боғимайдон ва алалхусус Самад амак мухлиси ашаддии эҷодиёти вай буд, аз сӯҳбати ширину гуворои ӯ баҳраманд мегашт. Шояд аз ҳамин сабаб вақте ки худо ба Самад амак писар дод, номи Абдусаломро гузошт, ки мисли вай адиби номдор шавад.
Дар ҳақиқат, Абдусалом аз айёми мактабхонӣ ба адабиёту матбуот дил баст. Хату хабари вай дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон пайваста рӯи чопро медид, ки падари бузругвораш курта-курта гӯшт мегирифт. Меҳру муҳаббат ба адабиёт ӯро пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи тоҷики донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аз устодони меҳрубонаш раҳматӣ академик Ботурхон Валихоҷаев, А.Эгамбердиев, Абурауф Маъруфӣ, Азиз Зоҳидов ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт. Маҳз солҳои донишҷӯӣ риштаи ҳамкорӣ ва дӯстиро бо расонаҳои ахбори оммавӣ, алалхусус рӯзномаи «Овози тоҷик» мустаҳкам намуд, ки соли 1977 бо диплому роҳхати донишгоҳ ба идораи нашрияи мазкур фаолияти меҳнатйро оғоз намуд. Албатта дар зери назорати журналистони варзида ва соҳибтаҷриба Мӯҳсин Умарзода, Раҳматҷон Норов, Шамсӣ Қамар, Ҷонибек Қувноқ, Хӯҷамурод Қӯлдошев ва дигарон будан барои сайқал ёфтани эҷодиёташ такон бахшид. Аммо аз сабаби шароити вазнини мусофирӣ ба зодгоҳ омад ва дар донишгоҳ баробари муаллимӣ корҳои илмии хешро идома дод. Вай муаллифи беш аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ, ин чунин 300 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ мебошад. Махсусан, саҳми ӯ дар таҳияи консепсияи нави таълим, таҳия ва омодасозии барномаҳои миллии таълимӣ, таъсиси корҳои услубӣ-илмӣ хеле бузург аст. Абдусалом Самадӣ ҳамчун журналисту адиби нуктасанҷ доир ба ҳайт ва фаолияти устодон, ҳамкорон, чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик ва ҷаҳон низ як силсила мақолаҳои хонданибоб навишт.
Абдусалом инсони вазифашиносу навовар, мутахассиси варзида, ки буд, аз омӯзгори оддӣ то дараҷаи декани факултаи филологияи тоҷик расид. Вай ҳамчун шогирди вафодори академик Ботурхон Валихоҷаев номзади фанҳои филологӣ гардид. Сад дареғо, ки дӯсти дилёбу дарёдил, накӯкору накӯноми мо дар айни камолоти эҷодӣ аз байн рафт. Марги ин шахси фозилу пуртааммуқ барои Донишгоҳи давлатии Самарқанд, журналистикаи тоҷик талофати бузург аст. Вай ҷигари ҳамсари меҳрубонаш Нодирабегим Насимова, фарзандонаш Умедҷон, Шӯҳратҷон, Парвизабону ва ба наберагону ёру дӯстонро лахта-лахта кард.
Чанде пеш дар донишгоҳ вохӯрии сафири Тоҷикистон дар кишвари мо академик Раҳмонзода бо аҳли фарҳанги Самақанд ба вуқӯъ пайваст. Сафир дар баромади худ ёди неки Абдусаломро карда, иброз дошт, ки хизмати шодравон Самадӣ барои мустаҳкам намудани решаи дӯстии ду мамлакати ҳамҷавор бузург аст.

Чанде пеш китоби “Нишони меҳр”- и ӯ аз чоп баромад, ки хотири нишони неки дӯстии қаламзани мо мебошад. Воқеан вай ният дошт, ки боз як силсила очерку мақолаҳои дилчапе наисат, вале аз сӯе, ки дигар умедҳо бар бод рафтанд, орзуҳои ширин хок хӯрданд.
“Номи некӯ гар бимонад, з-одамӣ,
Беҳ, к-аз ӯ монад сари зарнигор”, — мегӯяд Шайх Саъдӣ . Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ таъкид карда аст:
Намонад касе дар ҷаҳон пойдор,
Ҳама номи некӣ бувад ёдгор.
Ёдат нек, руҳат шод бодо, дӯстамон Абдусалом Самадӣ!
Ахмадҷон СОЛЕЕВ, доктори фанҳои физика-математика, проректори донишгоҳи давлатии Самақанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ