ЁДВОРАЕ АЗ УСТОДИ ЗИНДАЁД РАСУЛ ҲОДИЗОДА




Тобистони соли 1997 донишҷӯйи курси панҷуми Донишгоҳи давлатии Самарқанд будам. Дар яке аз он рӯзҳо устоди донишманду маҳбуби мо донишҷӯён, профессор Садрӣ Саъдиев ба дарсхона ворид шудаву гуфтанд: «Бачаҳо, пас аз танаффус ҳама ба дарсхона даромада, ором нишинед. Имрӯз ба Шумо донишманд ва нависандаи мӯътабарамон Расулхон Ҳодизода дарс мегӯянд».
Мо ҳама ҳайратзада ба маънии «наход?» ба муаллим Саъдиев менигаристем. Зеро аз ин хабари ногаҳонӣ ҳама хурсанд шудем ва дар дил ифтихоре моро пайдо шуд, ки акнун аз устод Расулхон Ҳодизода низ дарсҳо мешунидаем. Ҳарчанд то ин лаҳза бо номи эшон зиёд вохӯрдаву асарҳояшонро бо мароқ хонда будем, аммо рӯ ба рӯ бо он кас сухан гуфтану аз суҳбату дониши эшон баҳравар шудан, барои мо ҷолибу гуворотар менамуд.
Пас аз занги баромад донишҷӯёне, ки кори ниҳоят зарур доштанд, ба берун баромадаву зуд баргаштанд, дигар ҳама дар курсиҳои хеш нишаста буданд ва аз чеҳраи ҳар яки онҳо аён буд, ки омадани муаллими муътабарро интизорӣ мекашанд. Баъд аз садо додани занги даромад, ҳама донишҷӯён ҳозир ва нигоҳҳо ба дари дарсхона дӯхта шуданд.
Ногаҳон устод Расул Ҳодизода бо як виқор ва шаҳомате, ки хоси мардуми ҳакиму донишманд аст, вориди дарсхона шуданд. Марди миёнақади кушодачеҳра ва нуронӣ, ки мӯйи сари сафедашон ба қафо шона задашуда буд, табассуми зебандае бар лаб ба мо саломуалек намуда, иҷозати нишастан дода гуфтанд, ки тайи чанд рӯз аз ғазалиёти Ҳофиз бароямон дарс хоҳанд гуфт. Ва дарси аввалро оғоз намуданд. Лаҳни хушу овози фораме доштанд. Хусусан, ғазалҳои Ҳофизро бо оҳанги хеле ширину гӯшнавоз хонда, пас аз он як-як ҳар байтро таҳлилу маъникушоӣ мекарданд. Хусусиятҳои ирфонӣ, тасаввуфӣ ва риндонаву ҳаётдӯстона доштани ашъори Ҳофизро бо ҷузъиёташ бароямон боз мекарданд. Мавзӯи рисолаи дипломии банда, ки «Ҳофиз-шоири некбин» унвон дошт, шунидани чунин дарс­ҳои орифонаи устоди гиромиям Расулхон Ҳодизода бароям илҳомбахш ва калиди кушоиши мушкилоти ин мавзӯъ мегардид.
Муаллим Ҳодизода низ саъй мекарданд, ки дар ҷараёни дарс нуктаҳои хеле муҳими ашъори Ҳофизро бароямон бозкушоӣ намоянд. Ҳангоми баёни вежагиҳои сабку ҳунари шоирии Ҳофиз аз ашъори шоирони дигари мутасаввиф ёрӣ ҷуста, намунаҳои шеърии зиёдеро аз ёд мехонданд. Мо ба ҳофизаи муаллим Ҳодизода қоил мемондем ва ҳар як сухани эшонро ҳарисона ва бомароқ шунида, дар дафтарамон қайд мекардем.
Пас аз шунидани чанд соат дарс, ки хеле зуд гузашт, муаллим аз мо санҷиш қабул карданд. Бо додани чанд саволе ва гирифтани ҷавоб ба мо санҷиш мегузоштанд. Мо аз он меболидем, ки дар дафтарчаи имтиҳоноти мо дар қатори имзои дигар муаллимони дӯстдош­таамон, акнун имзои донишманди маъруф Расулхон Ҳодизода низ гузошта шуд.
Маҳз бо шарофати шиносоӣ бо муаллим Ҳодизода орзуи деринаи банда — идома додани таҳсил дар аспирантура амалӣ гашт ва бо тавсия ва ёрии эшон банда ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридам. Ва худро хеле хушбахт меҳисобам, ки зери роҳбариву роҳнамоиҳои эшон рисолаи илмӣ навиштам…
Овозаву шӯҳрати муаллим Ҳодизода дар зодгоҳашон шаҳри Самарқанд беандоза буд. Самарқандиён низ бо чунин ҳамшаҳрии донишманду шуҳратёри хеш ифтихор дош­танду доранд. Муаллим Ҳодизода шаҳри азизашон Самарқандро чун ҷон гиромӣ медоштанд. Ҳарчанд солҳо дур аз зодгоҳ, дар шаҳри Душанбе мезистанд, аммо ҳаминки фурсат даст медод, ҳатман ба ин шаҳр ба дидори ёру дӯстон ва хешовандонашон мешитофтанд. Натиҷаи чунин дӯстдорӣ ва садоқат ба ёру диёр буд, ки муаллим дар айни камолоти эҷодиашон китоберо бо номи «Самарқанднома» навишта, ба чоп расониданд. Ин китоб дар шинохти гузашта ва имрӯзаи Самарқанди овозадор аҳамияти беандоза дорад ва бо як ҳисси баланди ватандорӣ навишта шудааст. Гоҳе касонеро дар ҷомеа дучор меоем, ки дар бораи ҳисси миллӣ ва ифтихор аз гузашта соатҳо сухан мегӯянд, аммо дар рафтору амали рӯзмарраи онҳо нишоне аз ин хислатҳоро намебинем. Устод Расул Ҳодизода бе дағдағаю ҳангома, орому ботамкин, бо фурӯтании хосси ашрофона ва рафтору кирдорашон дар тинати кас ҳисси ифтихору хештаншиносӣ ва ватандӯстиро бедор мекарданд.

Муаллим Ҳодизода шахси бисёрфан, пурдон, ҳақиқатҷӯ, меҳнатдӯст, адолатпарвар, хушахлоқ ва хоксору самимӣ буданд. Ҳарчанд солҳо бо эшон шиносу ҳамкор ва ҳамсӯҳбат будам, аммо боре нашунидам, ки касеро ғайбат кардаву дар ҳаққи касе носазо гуфта бошанд.
Дар илм покизакорӣ, ростманишиву якрӯйӣ, садоқат ва меҳнатдӯстиро ба шогирдонашон талқин менамуданд. Шахси некбину зиндадил ва хушсӯҳбат буданд. Боре ҳам нашунидам ва на эҳсос кардам, ки аз касеву аз чизе аз сохторе шикоят кардаву норизоӣ намуда бошанд. Дар дили нозуку ҳассоси муаллим гарди ғуборе нисбат ба касе, чизе ва ё сохторе дида намешуд. Ҳамеша бо як болидарӯҳӣ ва ризояту қаноатмандӣ аз рӯзгори хеш сухан мегуфтанд. Ин ризоият дар чеҳраашон, дар сухану рафторашон низ ҳувайдо буд ва таҷассуми ин ризоят дар китоби хотироташон хуб ифода ёфтааст.
Дарвоқеъ, муаллим соҳиби як зиндагии орому осуда ва бонизом буданд. Худованд барояшон ҳамсари меҳрубону оқила ва адофаҳму зебоипарастро насиб гардонда буд, ки дар ҳамаи лаҳзаҳои зиндагӣ ҳамдил, ёвар ва ғамшарику ғамгусори муаллим буданд. Ман ишқу муҳаббати поку самимӣ, дӯстдорӣ, ҳамдиливу ҳамзабонӣ ва ба дарди ҳам марҳам гардиданро дар мисоли зиндагии ин хонадон дидаам, ки ба кам касе хосса, аз аҳли илму адаб даст медиҳад. Рӯзгори ин ҳар ду тимсоли зиндагии мардуми комилу хушахлоқ буд, ки дар асоси эҳтирому ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳру мурувват сохта шуда буд. Онҳо бениҳоят ҳамдигарро эҳтиром мекарданд, ҳамеша ҳамроҳ ва аниси ҳамдигар буданд. Ин буд, ки ҳамсари азизи муаллим Баширахон Ҳодизода ҷудоӣ аз ҳамдилу ҳамнафаси хешро зиёд таҳаммул карда натавониста, пас аз ду соли вафоти ҳамсарашон аз ҷаҳон чашм пӯшиданд. Ёдашон ба хайр!
Муаллим Ҳодизода мусиқиро хеле хуб мефаҳмиданд, дар маҳфилу маҷлисҳои хурсандии хешону дӯстонашон бо илҳоми саршор ва хеле хубу орифона мерақсиданд.
Мавсуф шахси масъулиятшинос ва хеле ҷиддӣ буданд ва аз дигарон низ чунин буданро хоҳиш мекарданд. Ҳамкорону шогирдонро баъзан ба анҷоми таҳқиқоте талқин менамуданд, ки дар назар хеле душвору имконнопазир ва роҳи тайношуданӣ менамуд. Вале бо ҳидояту роҳнамоиҳои эшон кор тавре пеш мерафт, ки на танҳо мушкилӣ эҳсос намешуд, балки он ба зудӣ ва бо сифати хуб поён меёфт. Муаллим гӯё ба кас нерӯю тавони таҳқиқӣ мебахшиданд.
Хидматҳои устод Ҳодизода дар соҳаи илми адабиётшиносии тоҷик хеле бузург аст. Инчунин, эшон дар устувору побарҷо мондани муносибати байни миллатҳо саҳми шоиста мегузоштанд.
Имрӯзҳо, ки ин сатрҳои парешонро рӯйи коғаз меоварам, сурату сирати зебову нуронӣ ва зиндагиву корномаи мондагори устоди азизам Расулхон Ҳодизода дар девори хотираам муҷассаму гӯё аксандозӣ менамояд. Дар баробари чунин симои бошаҳомату бовиқори ҳакимона ба ҷуз аз он, ки бигӯям гӯратон пурнуру манзили охирататон обод бод, оҷизу нотавон ҳастам…

Анзурати МАЛИКЗОД,
номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Амит

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ