Наҷот — дар таълим, тарбия ва дониш

Таълим яке аз соҳаҳои муҳимтарин ба шумор меравад, ки давлати мо ба рушди он эътибори алоҳида дода, намояндагони соҳаи мазкурро бо дарназардошти фаъолияти корӣ, ки асосан аз беҳтар гардонидани сифати таълим, тарбияи кадрҳои баркамолу ботаҷриба иборат аст, рағбатнок месозад. Ислоҳоте, ки солҳои охир таҳти раҳнамоии Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мешавад, тамоми шаҳрвандонро ба ояндаи дурахшони соҳаи таълим шавқманд месозад. Чӣ дар соҳаи таълими олӣ, чӣ дар соҳаи таълими умумӣ ва чӣ дар таълими томактабӣ пешравиҳо ба назар мерасад. Ба таҷрибаи чандинсолаи педагогии худ такя карда гуфта метавонам, ки барои пешрафти таълим пеш аз ҳама бояд ба сифати он эътибор дод. Танҳо дар сурати баланд бардоштани сифат, самараи беҳтар ба даст меояд.   Имрӯз дар назди омӯзгорон бобати таълими тарбияи насли наврас вазифаҳои пурмасъулият гузошта шудааст, ки иҷрои он ҳам пурмашаққат ва ҳам арзишманду пуршараф мебошад. Инчунин, аз ҳар омӯзгор фидокориву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва  кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд.Ҳоло баронаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ дар асоси стандартҳои пешқадами ҷаҳонӣ таҳия шудааст. Ин албатта, аз муаллимони фан ҳам омӯзиши бисёру такмили ихтисосро талаб мекунад. Ин аст, ки муаллимон бештар дар болои худ кор карда, дарсҳоро дар асоси истифода аз технологияҳои замонавӣ мегузаранд. Чунин тарзи дарсдиҳиро дар мактаби таълими умумии рақами 40-и ноҳияи Самарқанд низ мушоҳида кардан мумкин аст. Муаллимон баробари таълими хонандагон, онҳоро ба ташкилу гузаронидани тадбирҳои маънавию маърифатӣ ҷалб мекунанд. Зеро бо ин роҳ дар хонандагон хусусиятҳои нотиқӣ, фикри худро озодона баён карда тавонистан, санъати ҳунарпешагӣ ва лидериро ташаккул додан мумкин аст. Аз ҷумла чанде пеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии зан ва духтарон бо иштироки хонандагони синфи 4 “Б”-и мактаб таҳти раҳнамоии муаллимаи пешқадам Дурдона Мӯъминова тадбир гузаронида шуд. Хонандагон дар тан либоси миллӣ, бо маҳорати баланд ҳунарнамоӣ карданд. Баромадҳои Меҳрубон Саъдиева, Ҷасмина Мардонқулова, Отабек Нишонов, Ширина Шокирҷонова, Гулбону Рауфҷонова, Шерзод Равшанқулов дили ҳамаро шод карда, кайфияти баҳорӣ бахшид. Инчунин, саҳначаҳои “Модар ва фарзанд”, “Ҷаннат зери пои модарон аст!” ва иҷрои суруди “Алла” хеле таъсирбахш буд. Аз баромади хонандагон фаҳмидан душвор набуд, ки муаллима то тайёр кардани ин хурдтаракон бисёр хуни дил хӯрдааст. Иштирокдорон аз баромади хонандагон як олам таассурот гирифтанд.  Умед дорем, ки дар оянда чунин тадбирҳои фарҳангӣ бештар доир гардида, омӯзгорон барои кашфи истеъдодҳои нав, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод саъю талош мекунанд.

Раҳматилло ШАРИФЗОДА, тарғиботчӣ оид ба масъалаҳои эҷодиву фарҳангии мактаб

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ