Муаммоҳо кай ҳал мешаванд?

Солҳои охир ба таълими томактабии хурдтаракон эътибор меафзояд. Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ҳам дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистон дар ин бобат чунин изҳор кард: «Дар шаш соли охир дараҷаи бо таълими томактабӣ фаро гирифтани бачагон аз 27 фоиз то ба 70 фоиз расид, ки дар натиҷа имрӯз қариб 2 миллион нафар кӯдак дар кӯдакистонҳо фаро гирифта шудааст. Ба қарибӣ дар анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО оид ба таълими томактабӣ дар шаҳри Тошканд низ ин ислоҳотҳо хеле баланд арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон дар панҷ соли оянда барои то 80 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон зарурати ташкили 600 ҳазор ҷой дар боғчаҳои бачагона ба миён меояд. Ин хеле мақсади бузург аст. Аз ин боис, дар бобати зиёд намудани миқдори кӯдакистонҳо, комилан беҳтар намудани сифати таълим ва тарбия дар онҳо барномаи панҷсола қабул мегардад. Бобати васеъ намудани фарогирии боғча ба сектори хусусӣ шароити иловагӣ фароҳам оварда мешавад…»
Ин нуктаҳо, ки Президент гуфт, дар амал чӣ хел татбиқ мегарданд? Корҳо дар ин самт ва таълиму тарбия дар ташкилотҳои таълими мактабӣ ва томактабӣ чӣ хел аст? Мо дар ҳамин бобат бо раҳбари шӯъбаи таълими томактабии ноҳияи Самарқанд Орифҷон МАЪРУФОВ сӯҳбат оростем.
— Соҳаи таълими томактабӣ як занҷири пайвасткунандаи системаи таълимӣ ба ҳисоб рафта, он барои таълиму тарбияи солим ва баркамоли шахси бача ва ба мактаб тайёр кардани онҳо аҳамияти муҳим дорад, — гуфт дар оғози сӯҳбат Орифҷон Маъруфов. — Имрӯзҳо дар ноҳияи мо 22559 нафар кӯдакони синни томактабӣ ҳастанд. Аз онҳо 14459 нафарашон дар кӯдакис­тонҳо тарбия мегиранд. Шумораи ташкилотҳои томактабӣ бошад, 180 адад аст. Аз инҳо 42 боғчаи давлатӣ, 9 ташкилоти томактабии дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ташкилёфта, 124 боғчаи оилавӣ ва 5 ташкилоти томактабии хусусӣ мебошанд.
— Соли гузашта дараҷаи фарогирии кӯдакон дар боғчаҳо чанд фоизро ташкил мекард?
— Дар соли 2022 дараҷаи фарогирии кӯдакони 3–5‑сола дар ташкилотҳои таълимии томактабӣ 64,1 фоизро ташкил кард. Бо мақсади фарогирии бештари бачаҳо дар соли 2023 дар боғчаҳо корҳои зиёде ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби шӯъба «Харитаи роҳ» таҳия гардидааст. Дар асоси он то охири сол як ташкилоти томактабии дорои 60 ҷой сохта ба истифода дода мешавад. Дар асоси барномаи инвеститсионӣ боғчаҳои давлатии рақамҳои 26 ва 27 азнавсозӣ мегарданд. Инчунин, 20 боғчаи оилавӣ кушода шуда, 10 гурӯҳи таълими маҷбурии яксолаи бепули омодасозии кӯдакон ба мактаб ташкил карда мешавад. Дар охири сол фарогирии боғчаҳо ба 67,1 фоиз расонида хоҳад шуд. Яъне, фарогирии шумораи бачаҳо дар ташкилотҳои таълимии томактабӣ 51139 нафарро ташкил мекунанд.
— Солҳои охир шумораи ташкилотҳои томактабӣ якбора зиёд шуданд. Вале баъзе боғчаҳо барои бозиву истироҳати бачаҳо шароити дуруст надоранд. Таълиму тарбия ҳам чандон мувофиқи талаб нест…
— Дуруст. Дар ҳақиқат, кӯдакон дар боғчаҳо баробари таълим ва тарбия гирифтан бояд бозӣ кунанд, истироҳат намоянд. Соли гузашта 16 боғчаи оилавиро, ки шароити дуруст надоштанд ва ба талаб ҷавоб дода наметавонистанд, маҳкам кардем. Ин гуна масъалаҳоро дар оянда ҳам ба назар мегирем.
— Баъзе боғчаҳо дар сари роҳи калон ҷойгиранд ва хатари ба амал омадани ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз эҳтимол дур нест… Дар ин бобат чӣ гуна чораҷӯиҳо амалӣ мешаванд?
— 16 ташкилоти таълими томактбии давлатӣ воқеан дар сари роҳи калон ҷойгиранд. Барои ин дар асоси мактуби мо фармоиши ҳокими ноҳия имзо шуд, ки дар назди онҳо нишон гузошта, ҳаракати нақлиёт то 30 километр дар як соат маҳдуд карда шудааст. Ғайр аз ин, 31 боғчаи шахсиву оилавӣ ҳам дар сари кӯчаҳо ҷойгиранд. Барои онҳо ҳам хат тайёр карда шудааст, вале амалӣ гардондани аломатгузорӣ ба зиммаи тадбиркорон мебошад.
— Кори асосии ташкилотҳои таълими томактабӣ ба парвариш ва таълиму тарбияи кӯдакон нигаронида шудааст. Ин кори осон нест. Ҳоло тадбиркорон ҳам ба ин кор даст заданд ва парваришу тарбияро ба бизнес табдил додан мехоҳанд. Барои ин боғчаҳо месозанд, шароит фароҳам меоранд…
— Ин гапҳо ҷон доранд. 4–5 сол пештар худи мо ҳам тарафдори бештар кушода шудани боғчаҳо будем. Ҳатто, ба баъзе норасоиҳо чашм ҳам пӯшидем. Вале талабот имрӯз дигар аст. Ҷаҳонбинии мардум ҳам тағйир ёфтааст. Масалан, як тадбиркори серпул боғчаи калони хушрӯ сохт, онро ба тамоми таҷҳизот таъмин кард. Боғча зебо, боҳашамат. Он ба кор даромад. Мардум ин боғчаи зӯрро дида, бачаҳояшонро меоранд. Ҳозир одамон мисли пештара ба хӯроки боғча чандон эътибор намедиҳанд. Як-ду моҳ мебинанд, ки корҳои парвариш ва таълиму тарбия дар ин ташкилот чӣ хел аст. Диданд, ки намешавад, дигар фарзандонашонро намемонанд. Ин тадбиркоронро маҷбур месозад, ки корҳояшонро ба тарзи дигар, мувофиқи талаботи рӯз такшил намоянд.
— Давлат барои сохтани боғча ва ба роҳ мондани кори он ба тадбиркорон чӣ гуна имкониятҳо медиҳад?
— Ташкил ва ба роҳ мондани кори боғчаҳо аз тарафи давлат ҳаматарафа дастгирӣ карда мешавад. Ҳамчун мисол гуфтанам мумкин аст, ки 4 нафар тадбиркори мо кредити якфоиза гирифта, кори худро ба роҳ монданд. Барои онҳо ба хӯроки бачаҳо қариб 18‑ҳазорсӯмӣ маблағ ҷудо карда мешавад. Доруву дармони онҳо, ҷиҳозҳои ҷойхоби кӯдакон бепул аст. Инчунин, онҳо имтиёзи 50 фоиз камтар пардохти маблағи хизмати коммуналиро доранд. Дар боғчаҳои давлатӣ барои хӯроки ҳар бача рӯзе қариб 15 ҳазор сӯм ҷудо карда мешавад. Боғчаҳои ғайридавлатӣ 10 сол аз андози молу мулк озод карда шудаанд. Дар боғчаҳои оилавӣ, ки то 50 нафар бачаро қабул карда метавонанд, барои хӯроки бачаҳо ва моҳонаи ходимони он аз тарафи давлат маблағ ҷудо карда мешаванд. Боғчаҳои шарикии давлативу хусусӣ аз рӯйи тақсимбандӣ ба 12 гурӯҳ ҷудо карда шудааст ва аз рӯйи нишондоди ҳамонҳо аз тарафи давлат кӯмакҳои зарурӣ мегиранд.
— Муаммоҳои асосие ки Шуморо ба ташвиш меоранд?
— Имсол шумораи бачаҳои шашсола 5330 нафарро ташкил мекунанд. Аз онҳо 4624 нафарашон дар боғчаҳое ки аз рӯйи сохт гуногунанд, фаро гирифта шудаанд. Хоҳу нохоҳ онҳо ба мактаб тайёр карда мешаванд. Муаммои асосӣ ба мактаб тайёр кардани 706 нафар бачаҳое аст, ки дар хонаҳояшон ба воя мерасанд. Дар қарор нишон дода шудааст, ки барои амалӣ гардонидани ин кор аз баъзе биноҳои холӣ истифода бурда шаванд. Яъне биноҳои иловагии маркази маҳалла, клуб, чойхона ва ғайра. Вале ин гуна ҷойҳо намешавад. Клубҳоро дар зимистон гарм кардан душвор. Аз чойхона ҳар гуна бӯй меояд. Барои ин кор мактабҳо хеле мувофиқанд. Вале худи мактабҳо шароит ва синфхонаҳои иловагӣ надоранд. Дар баъзе мактабҳо таълим дар ду баст давом мекунад. Масалан, мо ба қарибӣ ба маҳаллаи Равонак, ба мактаби рақами 33 рафтем. Ҳар сол ба ин мактаб то 200 нафар хонандаи нав қабул мекунанд, синфҳо намерасанд. Дар ҳамин маҳалла як бинои бекорхобидаеро нишон доданд. Соҳибаш марди аҳли фаҳм ва саховатманд будаанд. Ваъда доданд, ки шароит тайёр мекунанд ва мо бемалол истифода мебарем…

Мусоҳиб Б.ҶУМЪАЕВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ