Хатмкунандагони техникумҳо, ки забони хориҷиро омӯхтаанд, барои кор ба хориҷ фиристода мешаванд

Дирӯз вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия Иброҳим Абдураҳмонов ба Техникуми тандурустии ҷамъиятии ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Тошканд омада, бо фаъолияти муассисаи таълимӣ, раванди таълим, алалхусус, масъалаи таълими забонҳои хориҷӣ шинос шуд.
Зимни суҳбат бо ҷавонону омӯзгорон қайд гардид, ки ҷавонон забонҳои хориҷиро бо шавқу ҳаваси зиёд меомӯзанд. Дар техникум 2396 нафар талабагон таҳсил мекунанд, ки дар натиҷаи пурсиши маъмурияти донишкада 1600 нафари онҳо хоҳиши омӯхтани забонҳои хориҷиро баён карданд.
Ҳоло дар техникум барои 60 нафар талабагон, ки хоҳиши дар хориҷа кор карданро баён кардаанд, курсҳои забонҳои англисӣ, немисӣ, кореягӣ ва русӣ ташкил карда шудааст. Зимни суҳбат ба донишҷӯёну омӯзгорон вазир таъкид кард, ки таҷрибаи хориҷӣ барои бо донишҳои нав ба кишвар баргаштан мусоидат мекунад.
Инчунин дар рафти суҳбат доир ба таъсиси маҳфилҳои забономӯзӣ барои донишҷӯёни хоҳишманди омӯзиши забоне, ки дар курсҳои забони хориҷӣ фаро гирифта нашудаанд, дастуру супоришҳо дода шуд.
Ба муносибати баланд шудани эҳтиёҷ ба кадрҳои соҳибихтисос дар кишварҳои Аврупо ва таҳияи барномаҳои махсус дар робита ба ин, дар назар аст, ки хатмкунандагони техникумҳо, ки забонҳои хориҷиро аз худ кардаанд, барои кор ба кишварҳои пешрафтаи хориҷа фиристода шаванд. Ҷавонони мо дар клиника ва беморхонаҳои пешрафтаи хориҷӣ кор карда, имкон пайдо мекунанд, ки таҷрибаи пешқадами хориҷиро дар соҳаи тиб омӯзанд ва дар сурати идомаи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ