Тақдимоти китоби “Дили умедвор” баргузор гардид

Дирӯз дар мактаби мо дар доираи “Ҳафтаи китобхонӣ” тақдимоти китоби “Дили умедвор” (“Умидвор кӯнгил”)-и узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоири хушбаён ва журналисти ботаҷриба Зубайдулло Иброҳимов баргузор гардид.
Донишомӯзони синфи 7-“Б” барномаи адабии худро, ки таҳти сарварии роҳбари синфашон Сурайё Норова ва китобдори мактаб Азиза Маҳмудова омода карда буданд, пешкаши ҳозирин намуданд. Шеърҳои шоирро дар мавзӯоти Ватан, модар, баҳор, қадри инсон, китобхонӣ ва ғайра дар баромадҳои алоҳидаи худ қироат карданд ва бо суруду рақсҳои дилнишин ба ҳозирин кайфияти хуш бахшиданд.
Дар идомаи тадбир узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, шоира ва тарҷимон Ҳамида Каримова, шоираи зуллисонайн Эътибор Маҳмудова ва дигар меҳмон-эҷодкорон ба сухан баромада, дар бораи мазмуну моҳияти ашъори Зубайдулло Иброҳимов, хидматҳои шоир дар рушди адабиёт ва матбуоти миллӣ, таҳия ва нашри китобҳои навқаламон, дастгирии эҷодкорони ҷавон ва ғайра ҳарф заданд.
Дар анҷом шоири соҳибравия ва боистеъдод Зубайдулло Иброҳимов ба маъмурияти мактаб ва ташкилкунандагони тадбир сипосгузории худро иброз намуда, роҷеъ ба аҳамияти китобхонӣ дар рушди маънавият ва такомули ҷаҳонбинии инсон, аҳамияти гузаронидани чунин чорабиниҳо бобати афзунсозии муҳаббати насли наврас ба мутолиаи китоб, инчунин машаққатҳои роҳи эҷод ҳарф зада, чанд намуна аз шеърҳои худ қироат кард.

Дилдора БОЙМАТОВА, муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 10-и шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ