Дар Самарқанд Донишкадаи технологияҳои энергетикии Хитой таъсис мегардад

Ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд (ДБТС) профессор Юсуф Абдуллоев зимни сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Хитой бо муассисаҳои таълимии пешқадами ин кишвар “Донишгоҳи барқи Шимолу Шарқӣ” (“Northeast Electric Power University”) ва “Донишгоҳи илм ва технологияи Тянҷин” (“Tianjin University of Science and Technology”) меморандуми ҳамкорӣ имзо кард.
Ҳангоми вохӯрӣ бо президенти Донишгоҳи энергетикии шимолу шарқӣ Чай Гуови дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бар асоси эътимоди мутақобилаи Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд аз рӯи ривоҷдиҳии таълим ва фарҳанг созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Мувофиқи он миёни ҷонибҳо табодули профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ба роҳ монда мешавад. Дар бакалавриат, магистратура ва докторантура сохтори таълими “2+2”, “3+1”, “1+1” ҷорӣ мегардад. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ӯзбекистон нахустин бор факултаи Донишкадаи технологияҳои энергетикии Хитой таъсис мегардад.
Донишҷӯёни ин факултет пас аз таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд ва Донишгоҳи Чин соҳиби дипломи дугона “double diploma” мешаванд,- гуфт ректори Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд Юсуф Абдуллоев. — Дар назар аст, ки соли 2023 дар ин факултет 40 нафар донишҷӯ таҳсил хоҳанд кард. Дар натиҷаи гуфтушунид бо роҳбарияти университети илму техникаи Тянҷин, ки дар он мактаби интеллектуалии сунъй таҳия шудааст, мо дар бораи ҳамкорӣ дар татбиқи барномаҳои математика, физика, мошинсозӣ, химия ва энергетика ба мувофиқа расидем.
Имрӯз Донишгоҳи илм ва технологияи Тянҷин бо зиёда аз 40 донишгоҳҳои кишварҳо, аз ҷумла ИМА, Австралия, Япония, Канада, Германия, Франсия, Британияи Кабир, Россия, Кореяи Ҷанубӣ робитаҳои ҳамкорӣ барқарор кардааст. Ӯзбекистон ҳоло дар қатори кишварҳои ҳамкор аст ва ин донишгоҳ нахустин бор дар Осиёи Марказӣ бо Донишгоҳи байналмилалии технологии Самарқанд меморандум имзо кард.
Ректори ДБТС ҳангоми сафар ба Хитой бо ташаббускорони лоиҳаи байналмилалии “Teo, Amo kaj la Mondo, 2023-2024” (Чой, муҳаббат ва сулҳ, 2023-2024) вохӯрд ва ба мувофиқа расиданд, ки дар ин лоиҳаи шавқовари маданиву фарҳангӣ бори нахуст намояндагони Ӯзбекистон – устодон ва донишҷӯён ДБТС иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин муайян гардид, ки дар шаҳраки ДБТС “The Peace teahouse” «Чойхонаи сулҳ» кушода мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ