«Сарҳадчиёни ҷавон» қувва озмуданд

Дар ноҳияи Тайлоқ қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ зинаи вилоятии мусобиқаи варзишии «Сарҳадчиёни ҷавон» баргузор гардид.
Дар мусобиқа, ки таҳти ҳамкории Садорати таълими томактабӣ ва мактабӣ, Хидмати амнияти давлатии вилоят, шӯъбаи вилоятии Маркази маънавият ва маърифат ва дигар ташкилотҳои мутасаддӣ гузаронида шуд, дар маҷмӯъ 3 ҷамоа қувваозмоӣ намуданд.
Дар анҷом ҷамоаи «Соҳибқирон»-и мактаби таълими умумии рақами 4-и ноҳияи Булунғур ҷойи аввал ва роҳхати ҷумҳуриявиро ба даст овард.
Ба ҷамоаи «Лочинҳо»-и мактаби таълими умумии рақами 16-и ноҳияи Ургут ва ҷамоаи «Роҳбарон»-и мактаби рақами 29-и ноҳияи Тайлоқ ҷойҳои дуввум ва сеюм насиб кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ