Дар Ӯзбекистон Донишкадаи тибби репродуктивӣ ва генетика ташкил гардид

Дар Тошканд аз ҷониби иттиҳодияи тибби репродуктивӣ бо дастгирии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ Институти тибби репродуктивӣ ва генетика кушода шуд.
Аз соли таҳсили 2023-2024 дар ин донишкада ординатураи клиникӣ таъсис дода шуда, омодасозии мутахассисон ба мисли репродуктивӣ, акушер ва гинеколог оғоз мешавад.
Инчунин, дар соли ҷорӣ фаъолияти Шӯрои махсуси илмӣ, ки аз мутахассисони хориҷӣ таркиб ёфтааст, дар бахшҳои репродуктивӣ, эмбриология, ситология, генетика ва додани дараҷаҳои илмӣ дар ин соҳаҳо ба роҳ монда мешавад.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки омодасозии мутахассисон аз рӯи ин ихтисосҳои замонавӣ бори аввал дар Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад.
Барои маълумот, айни замон дар байни аҳолии кишварамон мизони таваллуд 3,2 буда, ҳар сол қариб 1 миллион нафар кӯдак ба дунё меояд.
Хизмати матбуоти Вазорати тандурустӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ