Хонандагон аз «Чорроҳаи тақдир» қиссахонӣ карданд

Дар мактаби таълими умумии рақами 21‑и ноҳияи Самарқанд такдимоти китоби «Чорроҳаи тақдир» («Такдир чорраҳалари»)-и олими бедилшиносу таърихнигор, устоди Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд Тӯрабек Искандарӣ баргузор гардид.
Раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Субҳи Гулобод» Нормурод Каримзода, сармуҳаррири маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Шукуров, хабарнигори шӯъбаи тоҷикии шабакаи Садо ва симои Самарқанд (CТВ) Шаҳло Аҳророва, нависанда Ҳамза Ҷӯра, рӯзноманигор Ботир Муҳаммадиев ба сухан баромада, оиди фаъо­лияти илмиву адабии устод, паҳлӯҳои гуногуни эҷодӣ ва мавқеву мақоми адиб дар адабиёти тоҷику ўзбек ҳарф заданд. Аз ҷониби хонандагони мактаб саҳначаҳои хурд намоиш дода шуда, шеъру сурудҳои дилангез иҷро гардид. Аз ҷумла, баромади дилнишини хонандагони синфи 6‑уми «Б» Ғайратҷон Ҳамроқулов, Марҷона Умарқулова, Рухшона Собирова, Далер Мирвафоев, Фаёзҷон Аъламов ва дигарон ба ҳозирон кайфияти хуш бахшид. Суруду оҳангҳои Ҳазрат Ҳамроқулов ба маҳфил ҳусни иловагӣ зам намуд.
Дар охир, Тӯрабек Искандарӣ ба сухан баромада ба ҳозирон ва ташкилотчиёни тадбир миннатдории худро изҳор кард.

Дилфуза ҲАЙДАРОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ