Шаби адабӣ дар мактаб

Мактаби мо яке аз масканҳои таълимии бонуфузи ноҳияи Самарқанд мебошад. Дар мактаб барои сайқал додани маҳорати эҷодкории хонандагон ва роаҳнамоии онҳо ба ҷодаи адабиёту санъат ва фарҳанг корҳои зиёди тарғиботиву фарҳангӣ амалӣ мегарданд. Дар мактаб бо мақсади ошно намудани хонандагон бо ҳаёту фаъолияти аҳли адаб, ташкил кардани вохӯрӣ бо шоиру адибони номдори Самарқанд ба ҳукми анъана даромадааст.
Чанде пеш дар мактаби мо яке аз чунин чорабиниҳои адабӣ, тақдимоти китоби “Дунёи ман”-и шоири ширинбаёни самарқандӣ, собиқадори маориф Абдурасул Иброҳимзода баргузор гардид. Сараввал хонандагони синфи 9 “А” дар бораи зиндагинома ва фаъолияти адабии шоир маълумот доданд.
Сипас, аз ҷониби хонандагон шеърҳои дар васфи Ватан, дӯстӣ, модар, дониш, ишқ, омӯзгор навиштаи шоир қироат гардид. Сурудани ғазали шоир аз ҷониби Санҷар Салимов ва устоди мусиқии мактаб Акмалҷон Шодиев табъи меҳмононро болида гардонид.
Дар рафти тадбир хонандагон паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти шоирро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, хидматҳои эшонро дар ҷодаи адабиёт ва ривоҷи соҳаи таълим арзёбӣ карданд.
Дар идома эҷодкорон Ҳамза Ҷӯра, Солеҳ Саид Мурод, собиқадори соҳаи таълим Мурод Маҳдӣ, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон Шаҳло Аҳророва оиди шахсият ва ашъори Абдурасул Иброҳимзода фикру андешаҳои хешро баён сохтанд.
Дар охир аз ҷониби шоир Абдурасул Иброҳимзода ва Солеҳ Саид Мурод ба китобхонаи мактаб асарҳои тозанашр тӯҳфа гардид.

Нодир ҚАЮМОВ, тарғибгари эҷодӣ ва мадании мактаби рақами 43-и ноҳияи Самарқан

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ