Саршор зи панди зиндагонист…

Китоб дорои неруи бузургест, ки сарфи назар аз нажод, забон, ақидаву мазҳабу дину оин аз тамоми гӯшаву канори дунё инсонҳоро ба ҳам меорад, дар миёни онҳо дӯстиву рафоқату робитаҳои фарҳангиро мустаҳкам менамояд ва ба як ибора мақсадаш аз муттаҳидгардонии халқҳо, муаррифисозии кишварҳо ва эҷоди якдиливу ҳамбастагӣ иборат аст.
Аз ин рӯ, дар мактаби мо ба масъалаи тарғиби мутолиаи китоб эътибори алоҳида дода мешавад. Бо ин мақсад мунтазам вохӯрӣ бо шоиру нависандагон, тақдимоти китобҳо гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, рӯзи 15‑уи майи соли ҷорӣ дар мактаб бо шогирдони худ — донишомӯзони синфи 7 «А» рӯнамоии китоби «Сабақҳои падарам»-и рӯзноманигор, шоир, узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон Баҳодури Убайдуллоҳро гузаронидем.
Дар ин чорабинӣ, ки муаллифи китоб низ иштирок кард, шогирдони мо нахуст дар бораи рӯзгор ва осори адиб маълумот пешкаш карданд. Сипас, як гурӯҳ донишомӯзон намунаҳо аз эҷоди шоир қироат карданд. Инчунин, чанд шеъри шоирони адабиёти муосири ӯзбек­ро, ки аз тарафи Баҳодур Раҳмонов ба тоҷикӣ тарҷима шудааст, манзури хонандагон намуданд.
Дар идома хонандагон чанд саҳначаро, ки дар асоси ҳикоёти ибратомӯзи китоби «Сабақҳои падарам» омода гардида, саршор аз панди зиндагонӣ буданд ва ҷиҳати ахлоқиву тарбиявӣ доштанд, рӯйи саҳна гузоштанд.
Дар охири тадбир раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят Акбар Маҳмудов, шоир Баҳодур Раҳмонов суханронӣ карда, дар бораи аҳамияти китобхонӣ ҳарф заданд.
Зикр гашт, ки китоб сарчашмаи дониш, дӯсти беғараз ва равшангари роҳи имрӯзу фардои ҳар як шахс ва халқияту кишварҳо ба ҳисоб меравад. Онҳо донишомӯзонро ба китобхонӣ даъват карда, чанд адад китоби «Сабақҳои падарам»-ро ба хонандагони фаъол тӯҳфа намуданд.
Навбаҳор ИСРОИЛОВА, муаллимаи мактаби таълими умумии рақами 10‑и шаҳри Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ