Маҷмӯаи хонишии IT Village ба фаъолият оғоз мекунад

Рӯзҳои 13–14‑уми майи соли равон дар маҷмӯаи хонишии IT Village, воқеъ дар маҳаллаи Оқсойи ноҳияи Нуробод барои журналист ва блогерон пресс — тур ташкил гардид.
Маҷмӯаи хонишӣ соли гузашта кушода шуда бошад ҳам, фаъолияташро аз 1‑уми июни соли равон оғоз мекунад.
Дар тадбир тақдимоти тамоми лоиҳаҳо ва бинои хонишии «Yagona integrator UZINFOCOM» шуда гузашт.
Дар дарсхонаҳои маҷмӯа барои 2 гурӯҳ хонандагони фаъоли мактаби таълими умумии рақами 13‑и маҳаллаи Оқсой аз рӯйи саводхонии компутерӣ, шиносоӣ бо олами сохторҳои замонавии ахборот дарсҳои маҳорат ташкил гардид. Дарсҳоро роҳбари ҳамҷамъияти IT–и ҷумҳурӣ Шавкат Каримов ва мураббии IT park Азиза Шоҳмаматова гузаронданд. Барои хонандагон дарсҳо хеле шавқовар буданд. Онҳо дар бораи барномарезӣ, интеллекти сунъӣ, дизайн, бозиҳои интерактивӣ, методикаи SMART ва ғайра соҳиби маълумот шуданд.
Дар тадбир сардиректори University Баҳодур Аюбов ба хонандагон ва иштирокдорони тадбир дар бораи таҷрибаи ҳаётӣ ва фаъолияти касбии худ ҳарф зад.
— Ба кор сар кардани маҷмӯаи хонишии IT Village дар олами барномасозӣ ва робототехника ҳамчун қадами нахустин хизмат мекунад, — гуфт Б. Аюбов. — То имрӯз равияҳои ихтисосонидашуда мисли забони англисӣ, барномасозӣ ва робототехника мавҷуд аст. Дарсҳо дар ду бастгузаронида мешаванд. Хониш аз 1‑уми июн то 1‑уми сентябр идома меёбад. Синну соли хонандагон аз синфи якум то синфи нӯҳум муайян шудааст. Хониш бепул аст. Ба хониш на танҳо хонандагони мактабҳои Нуробод, балки хонандагони мактабҳои ноҳияҳои гирду атроф низ ҷалб мешаванд.
Бояд таъкид намуд, ки лоиҳаи IT Village бо мақсади беҳсозии ривоҷи инфрасохтори IT дар ҳудудҳои дурдасти Ӯзбекистон тарҳрезӣ шудааст. Бунёди чунин маҷмӯаи хонишӣ барои бачаҳое, ки дар деҳоти дур даст зиндагӣ мекунанд ба ба манфиати кор хизмат хоҳад кард.
Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ