Шоире бо хаёли маҳтобӣ

Аслан равшании андешаҳои наҷиб ва мазмунҳои латиф бар қоби ҳарфҳои сиёҳ мисли нури маҳ дар торикӣ метобад. Ва ба ростӣ, ҳангоми хондани мисраъҳои Нуқраи Суннатниё ҳам дар китоби «Атри гули ёс» бӯи ин наҷобати равшан ба димоғат мезанад ва риштаи хаёлат гӯиё ба калобаи маҳтоб мепечад. Дар намунаҳои зиёди чакомаҳои ин шоири хушхаёлу хушадо, латифэҳсосу нозукпардози тоҷик хаёли маҳтоб дар ҳавзаи андешаи шоир ҷойгоҳи вижа дорад. Дар партави андешаҳои маҳтобии шоир доғу сӯзи ишқи як тан ба ватан ва «қиссаву ғуссаҳои зан» аён мегардад.
Ситоиши зодгоҳ — Ванҷ, васфи кӯҳистон, тараннуми ишқи Тоҷикистон ва баёни дардҳои иҷтимоиро дар ростои шеъри ватанпарварона метавон баршумурд. Нуқра менависад:
Номи ту бар лаб наорам беш,
То наафтад аз даҳон,
Номи ту, ки ояти ишқ асту нур,
Ибтидои зиндагониву сурур,
Марҳами ҷон,
Тоҷикистон!
Дар ашъори Нуқраи Суннатниё дардҳои зани тоҷик дар мисоли муаммоҳои иҷтимоӣ баён мешаванд, чунончи дар ин шеър, ки мухотаб маҳтоб аст:
Бо ман ситам накун,
Бар ман ситам накун!
Дидӣ? Дилам дупора шуд аз инфиҷори яъс:
Аз сарнавишти тираи дӯшизагони аср!
Аз доғҳои қалби худ
З-имрӯзу аз гузашта бароям рақам накун,
Бар ман ситам накун…
Дар нигоҳи шоира, доғҳои дили моҳ аз гирифториҳои дӯшизагони замони мост, балки ҳамаи замонҳо. Дарвоқеъ, дар навиштаҳои яке аз пажӯҳишгарони шеъри Нуқраи Суннатниё, донишманди адабиёт Анзурати Маликзод ин нукта таъкид мешавад, ки «мавзӯи аксари шеърҳои Нуқраро қиссаву ғуссаҳои духтари тоҷик ташкил медиҳанд, ки онҳо гоҳ зери бори сангини рӯзгор, гоҳе зери таҳқиру фишор ва гоҳе дигар танҳои зор мондаанду дилфигор» (Анзурати Маликзод. Аз ғазали рӯдакивор то шеъри нимоӣ. Душанбе).
Дар ин дилфигориҳо қалби ин зани танҳо гоҳо моили қиссаҳои маҳтобист:
Дар дили зимистонам, эй Худо баҳорам деҳ,
Қиссаҳои маҳтобӣ дар шабони торам деҳ
Ё худ дар «Шаби гирифтани моҳ» ба шакли ҷаззобу бадеъ дардашро ҳолӣ мекунад:
Шаби гирифтани моҳ асту моҳ хира шуда,
Саҳоби ғам ба ҷамоли шаҳоб чира шуда.
Зи чор сӯй замин тиратар зи уқёнус,
Хаёли туст париву дилам ҷазира шуда.
Биёву истгаҳи барқии ҷаҳонӣ соз,
Зи оби чашми ғамам инчунин захира шуда
Байти хаёлангезу эҳсосбарангези охирин ин андешаро дар зеҳни мо қавитар мекунад, ки Нуқра шоири замони худ аст ва рӯҳи замонро ба шеърҳояш медамад.
Мо дар ҷараёни баъзе ҷустор, ки перомуни шеъри дигар бонувони шоир ба сомон расидаанд, мутаваҷҷеҳ шудаем, ки ин вижагии шеъри рӯзро бо лаҳни имрӯз гуфтан дар эҷодиёти устод Гулрухсор ва муаллимаи гиромӣ Фарзона барҷастагӣ дорад. Ин барҷастагӣ дар шеъри Гулрухсор дар интихоби масоили муҳимми рӯз ва талқини онҳо ба лаҳни тоза ба тоза ва дар шеъри Фарзона дар шакли баёни ҷозибадору тозаи ашё ва истилоҳоти имрӯза намудор мегардад.
Аммо Нуқраи Суннатниё низ дар ин самт бурдбору комёб аст. Истифодаи моҳирона аз истилоҳоти имрӯза ва талқини бадеии онҳо дар шеъри ӯ моҳирона сурат гирифтаанд, чунончи дар шеърҳои «Хабарнигор», «Суратгир», «Обуна» ӯ тавонистааст шоирона аз шуғли худаш дарак диҳад:
Ман ҳам хабарнигори яке ҳастам,
Аз рӯзгори ишқ хабар орам.
Рӯи ҷаридае, ки шуда шӯҳра
Аз қиссаи муҳаббати ғамборам
Ошиқонаҳои шоир гоҳо гармию ҷӯши эҳсосот, ҷасорати баёни Фурӯғ ва Симинро ба ёд меандозанд:
Агар ман моҳ будам, пушти бомат
Тамоми шаб ба хиргаҳ менишастам.
Фалак бар бурданам гар қасд мекард,
Диламро рӯи бомат мешикастам
Фазои ирфонӣ дар шеъри Нуқра пурвусъат аст. Моҳияти ин ирфон дар ҷустуҷӯи рози ҳастӣ ва бахусус табиат (чунончи, дар шеърҳои «Ҷангал», «Эй боғбон») ифода меёбад. Дар ин ҳангом забони шеър маъмулан ба ҳамон содагию шевоӣ мемонад, на мармуз ва самбулик. Албатта, дар ин роҳ гоҳо афсонаҳову устураҳоро миёнбур карда мегузарад.
Ба қавли муҳаққиқ А. Маликзод, «Нуқра дар сурудани мазмунҳои орифона аз ашъори Мавлонои Балхӣ илҳом гирифтааст». Иродати худро ба Мавлавӣ шоир дар шеъри «Раҳовард» баён мекунад:
То даме, ки дини ман Ишқ аст,
Пайрави ман бош, диндорам.
Чун нишони раҳмати Аллоҳ
Акси Мавло дар нигин дорам

Бо ин ки гуфтаанд «Нуқра майл ба лафзбозиву такаллуфот надорад, шеъри ӯ бо содагиву бепироягӣ дар ҳолати табиӣ ва сода иттифоқ уфтодааст», шоир дар шеъри «Доротарин» бо камтар пайравӣ аз сабки Доро Наҷот, ки равиши хоси такаллуфомез ва содагиситез дорад, бахусус дар шеъри сапед, Нуқра ҳам дар ин сабк таҷриба андӯхтааст ва собит намудааст, ки омӯзиш, варзиш дар гуфтан ва ҳамгомӣ бо шоирони дигар воқеан метавонад ба сабки шоири дигар асаргузор бошад.
Агар шеър он бошад, ки ба қавли Фурӯғи Фаррухзод, шоир битавонад бигӯяд, ки «ман ҳастам, ман ҳам будам», пас шеъри Нуқраи Суннатниё рози будан ба содагии зебоӣ ва камоли некӯист. Рози ҳастие, ки дар шабони сиёҳаш, шоире менишинад ва аз риштаҳои нуронии калобаи маҳтоб ба тани ҷони «ҷигарзодагон»-и худ («Одамизода ҳама ҳаст ҷигарзодаи ман») ҷомаи чома мебофад.

Дилшода ҲАЗРАТКУЛИЁН, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд,
Навбаҳор НИҲОЛҶОНОВА, донишҷӯ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ