Китобхонаи нав ба истифода супорида шуд

Солҳои охир дар мамлакатамон ба ривоҷдиҳӣ ва дастгирии маданияти мутолиа аҳамияти калон дода мешавад. Дар ноҳияи Ҷомбой ҳам аз соли 2020 фаъолияти Маркази ахбор-­китобхона ба роҳ монда шудааст. Аммо китобхона ба бинои худ соҳиб набуду дар шароити ногувор ба аҳолӣ хизмат мерасонд. Соли гузашта зиёиёни ноҳия таклифи барои китобхона сохтани бинои навро пешкаш карданд. Дар асоси лоиҳаи «Буҷети ташаббуснок» 1 миллиарду 200 миллион сӯм маблағ ба ин мақсад равона гардид. Аз ҷониби ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой барои сохтмони бино аз кӯчаи Арчазор замин ҷудо карда шуд.
Бинои нави дуқабатаи Маркази ахбор-­китобхона дорои 100 ҷой буда, толори хонишӣ, шӯъбаи бачаҳо, хонаҳои компутерӣ ва фонди китобҳоро дар бар мегирад. Инчунин, барои гузаронидани конфронсҳо шароитҳо мавҷуд аст.
Дар маросими кушодашавии китобхона ҳокими ноҳия ва роҳбарони секторҳо, эҷодкор ва зиёиён иштирок карданд. Аъзои Сенати Олий Маҷлис Ф. Тошев ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти китоб ва китобхонӣ дар баланд бардош­тани маънавияти халқамон ҳарф зад.
Дар доираи тадбир як гурӯҳ ҷавонони китобдӯст рағбатнок карда шуданд.
Ғайр аз ин, ба маркази ахбор-­китобхона маҷмӯаи китобҳо тӯҳфа гардид.

СОҲИБ САЙФУЛЛОЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ