Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст

Чанде пеш ба мактаби мо китобҳои гуногуни бадеӣ оварданд. Албатта зиёд гардидани шумораи китобҳо дар китобхона барои афзудани таваҷҷӯҳи ҷавонон ба китобхонӣ мешавад. Аммо дар аксар вақт беэътибории хонандагонро ба китоб дида, табъи кас хира мегардад.
Мо бояд дар ҷараёни дарсҳо ба бачаҳо аҳамияти китобхониро фаҳмонем. Онҳо бояд хуб дарк кунанд, ки китоб дӯсти беғаразу беминнат, ҳамдами ҳар соату ҳар мушкилот, ноқилу ровии беҳамто, роҳкушои асрорҳои печидаи башар мебошад. Китоб инсонҳоро ба тоифа ҷудо намекунад ва ҳар як инсонро ба мақсадҳои олиаш мерасонад. Касоне, ки ба китобхонӣ машғул мешаванд, аз сухану ҳодисаҳои бемаънию беҳуда дур мешаванд.
Бузургтарин сарвати насли башар ақли ӯст ва модари тарбиятгари ақл китоб мебошад. Ба таъбири халқ «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст».
Касе, ки китобдӯст асту мутолиаро аз шуғлҳои писандидатарини худ мешуморад, хуб медонад, ки ҳавас пайдо кардан ба хондани китоб асроре дорад. Маълум аст, ки пеш аз оғози хондан китоби пур аз саҳфаро дида, дили хонанда воҳима зер мекунад. Дар худ меандешад, ки ин қадар саҳифаро чӣ тавр ва кай хонда ба охир мерасонад. Вале баробари оғози мутолиа ва ошноӣ бо асрори рангини он, олами сеҳрангези китоб касро афсун мекунад ва чӣ тавр ба поён расидани онро нафаҳмида мемонад. Камина вақте ки «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ ва «Занони сабзбаҳор»-и Гулрухсор Сафиеваро мутолиа намудам, чунин ҳодиса рӯй дода буд.

Муқаддас ШАРИФОВА,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби
таълими умумии рақами 7‑и шаҳри Ангрени вилояти Тошканд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ