Донишкадаи физикаи муҳандисӣ кушода шуд

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов донишкадаи физикаи муҳандисӣ кушода шуд. Ин донишкада дар асоси қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 13-уми январи соли 2022 «Дар бораи чораҳои боз ҳам такмил додани фаъолияти Донишгоҳи давлатии Самарқанд» ташкил гардид.
Дар Донишкадаи физикаи муҳандисӣ оид ба 7 самти таълим 937 нафар бакалавр, оид ба 5 самти таълим 57 нафар магистр таҳсил мегиранд ва аз рӯи 8 ихтисос 40 нафар докторант тадқиқот мебаранд.
Дар донишкада мактабҳои илмии электромагнитизм, оптика ва спектроскопия, люминессенсияи молекулярӣ, физикаи лазерӣ, ҷисмҳои сахт, ядро ва нурҳои космикӣ фаъолият доранд.
— Кишварҳои дунё имкониятҳои мавҷуди самтҳои тозарушди физикаро ба ҳам муттаҳид намоянд, ба муваффақият расидан ҳам осонтар мешавад, — гуфт директори Донишкадаи нанотехнологии назди Донишгоҳи Техаси ИМА Анвар Зоҳидов. — Дар ин самт, аҳамияти ҳамкориҳои байналхалқӣ бузург аст. Фикр мекунам, ки дар Ӯзбекистон имрӯз ба ин гуна донишкадаҳо эҳтиёҷ калон аст. Донишкадаи физикаи муҳандисӣ қадами нахустин дар ин роҳ мебошад.
Теъдоди кафедраҳои донишкада 6-то буда, салоҳияти илмӣ 74 дарсадро ташкил медиҳад. Дар қатори 1 нафар академик, 17 нафар доктори фан ва профессор, 35 нафар номзади фан, боз 10 нафар профессор-устодони хориҷӣ низ фаъолият пеш мебаранд.
Ҳоло дар 22 хонаи омӯзишӣ ва 5 лаборатория тадқиқот бурда мешавад. Лабораторияҳо аз материалшиносӣ, спектроскопияи молекулярӣ, люминессенсияи молекулярӣ, электроникаи квантӣ ва оптикаи бехат иборатанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ