Таҳлили қиёсии тазкираҳои Мутрибӣ ва Малеҳои Самарқандӣ

Тазкиранависӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷик таърихи қадима дорад ва ба унвони яке аз сарчашмаҳои муҳими адабӣ шинохта мешавад. Дар тамоми китобҳои адабии форсии то асри XVI, ба истиснои тазкираи Давлатшоҳи Самарқандӣ, вожаи «тазкира» ба маънои «ёдгор», «ёддошт» ва «ёдоварӣ» мавриди истифода қарор дошт, вале тадриҷан аз асри XVI махсусан дар шибҳи қора(нимҷазира)-и Ҳинд, ки ба яке аз конунҳои забону адабиёти форсӣ‑­тоҷикӣ табдил ёфта буд, бештар ба маънои китобе, ки фарогири рӯзгору аҳвол ва намунаи ашъори шоирон мебошад, ба кор рафтааст ва имрӯз низ ба ҳамин маънӣ ба кор меравад. Муҳаққиқони тазкирашинос Аҳмад Гулчини Маонӣ ва Саидризо Нақавӣ теъдоди тазкираҳои форсӣ‑­тоҷикиро аз панҷсад зиёд нишон додаанд. Асрҳои ХVI–ХVII аз даврҳои рушди тазкиранигорӣ дар Мовароуннаҳр буда, маҳз дар ҳамин қарнҳо бисёр масъалаҳои тазкиранигорӣ, аз қабили равобити адабӣ ва масъалаҳои муҳими вобаста ба адабиёти давр ба силки таҳрир даромадааст. Тазкираҳое, ки дар даври мазкур ба қалам омадаанд, на танҳо манбаи сирфи адабианд, балки дар шинохт ва таҳқиқи масъалаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маданӣ ва иҷтимоиву ахлоқӣ низ нақши назаррас доранд.
Мутрибии Самарқандӣ аз ҷумлаи тазкиранависони маъруфи охири асри XVI ва ибтидои асри XVII ба шумор меравад, ки бо таълифи тазкираҳои «Тазкират-уш-шуаро» ва «Нусхаи зебои Ҷаҳонгир»-и хеш дар таърихи адабиёти тоҷик сабти ном гардидааст. «Тазкират-уш-шуаро»-и Мут­рибии Самарқандӣ дар бораи осору аҳволи 343 суханвари ҳамрӯзгори муаллиф маълумот дода, дар соли 1013‑и ҳиҷрии қамарӣ (соли 1605‑и милодӣ) таълиф шудааст. «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ дар зарфи солҳои 1682–1692 мелодӣ, яъне тахминан баъд аз 85 соли таълими «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ таълиф гардида, дар он зикри шоирони Осиёи Марказӣ, Эрон ва дигар мамлакатҳои Шарқ ба қалам омадааст.
Сабаби интихоб шудани «Музаккир-ул-асҳоб» барои қиёс бо «Тазкират-уш-шуаро» аз он ҷиҳат аст, ки тақдири таълиф ва принсипҳои нигориши ин тазкираҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳам шабоҳат доранд. Чи хеле ки маълум аст, Малеҳои Самарқандӣ дар таърихи адабии тоҷик дар эҷоди тазкира такя ба сабки хоси худ намуда, тағйирот ва тозагиҳо ворид кардааст. Яъне, дар тазкираи зерин номи ҳар як шоиру нависанда новобаста аз нуфуз, мавқеъ ва маҳорати адабӣ тибқи алафбои арабӣ сурат гирифтааст.
Муайян намудани арзиши тазкираҳо ва ҷойгоҳи онҳо яке аз масъалаҳои муҳими тазкиранигории ҳавзаи адабии Мовароуннаҳр ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, муқоисаи «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ бо сарчашмаи дигари хеле муҳим ва арзишманд «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ, ки ҳар ду ҳам ба ҳавзаи адабии Самарқанд мансуб буданд, хеле судманд хоҳад буд.
Зимни таҳқиқ ва арзёбии хусусиятҳо ва маводи фарогирандаи тазкираҳои мавриди таваҷҷӯҳ маълум мегардад, ки онҳо аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанду аз баъзе ҷиҳат фарқ мекунанд:

  1. Фарқи тазкираи мавриди назар қабл аз ҳама, дар сохтори он ба мушоҳида мерасад. Тазкираи Малеҳо дар маҷмӯъ рўзгор ва аҳволи 202 нафар шоирро фаро мегирад, ки муаллиф бо онҳо шахсан ҳамсӯҳбат шуда, аз худашон дар бораи онҳо мавод гирифтааст. Тазкира аз лиҳози сохт ба ду қисм ҷудо мешавад: қисми асосӣ, ки дар он 165 нафар шоир зикр ёфтаанд. Дар қисмати мулҳақот бошад оиди 37 шоир маълумот дода шудааст. Қисми асосии тазкира тибқи тартиби алифбои арабӣ ва қисми илова бе риояи ин тартиб сохта шудааст. Дар қисми асосӣ шоирон мувофиқи ҳарфи аввали тахаллус гирдоварӣ шудаанд. Дар «Музаккир-ул-асҳоб» ғайр аз шоирони Мовароуннаҳр адибони Эрон низ зикр шудаанд, ки муаллиф ҳини сафари худ ба он кишвар ба онҳо мулоқот намудааст. Аз ҷумлаи шоирони қисми асосии тазкира 56 нафарашон шоирони Эрон мебошанд, ки 45 нафари онҳо дар тазкираҳои дигар низ оварда шудаанд.
  1. Тафовути дигари миёни ин ду тазкира, қабл аз ҳама, дар фарогирии рўзгор ва аҳволи шоиру нависандагон ба назар мерасад. «Музаккир-ул-асҳоб»-и Малеҳои Самарқандӣ аз дигар тазкираҳои маъмулӣ бо он фарқ мекунад, ки вай умуман ба зикри шоирони асри муаллифи асар бахшида нашуда, балки рўзгор ва осори ҳамон шоиру нависандагони Мовароуннаҳру Эрони асри сафавиро фаро мегирад, ки муаллиф махсусан бо онҳо ҳамсӯҳбат гардида, қиёфа, тарзи зиндагӣ ва машғулияти асосиашонро дида, сатҳи шеърфаҳмӣ ва маҳорати адабии онҳоро омўхтааст. «Музаккир-ул-асҳоб» унвон гирифтани тазкира низ аз ҳамин ҷиҳат аст.
    «Тазкират-уш-шуаро»-и Мутрибӣ бошад аз ду фасл иборат буда, фасли аввали он дар шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 17 тан аз шоҳону ҳокимони маъруфи муосири муаллиф маълумот медиҳад, ки ҳамагӣ ба ғайр аз шуғли худ боз табъи шоирӣ ҳам доштаанд. Ҳамчунин, фасли мазкур боз ба се қисм тақсим шуда, бо унвони «исм» номгузорӣ шудааст. Маҳз ҳамин тарз ё принсипи нигориш ва дастабандии маълумоти муаллиф аст, ки қимати онро бештар меафзояд. Ин усулро муаллиф дар фасли дигар, ки дар шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 326 суханвар аст, низ пеш гирифтааст.
    Дар идома зикри ин матлаб, ки маҳз ҳамин усули пешгирифтаи муаллиф сабаб шудааст, то мо бештари маълумоти дақиқро роҷеъ ба шуарои Мовароуннаҳр аз ин тазкира дарёб кунем, зеро Мутрибӣ, ки асоси фаъолияти адабии худро дар ин минтақа гузаронидааст, бештар бо доираҳои адабии ин ҷо ошноӣ дорад.
    Чунонки худи муаллиф ишора дорад, аз хусусиятҳои муҳимтарини «Тазкират-уш-шуаро» он аст, ки муаллиф «ҳар ҷо ғазале ё қасидае ва амсоли он эрод намуда, номи баҳрҳо онро бо аркони вазнҳои арӯзӣ ба расми «мансӣ» (аз ёд рафта, фаромӯшшуда) бар ҳошияи китоб дар ҳамон маҳал» навиштааст. Бар замми он ки «Тазкират-уш-шуаро» аз муҳимтарин сарчашмаҳои адабӣ-­таърихии охири асри XVI ва ибтидои асри XVII-и доираҳои адабии Мовароуннаҳр ба ҳисоб рафта, бидуни он омӯзиши адабиёти даврони мазкури Мовароуннаҳр ғайриимкон мебошад.
  2. Тафовути назарраси тазкираҳои мавриди таҳқиқ дар нақду сухансанҷӣ ва баррасии ҳунари шоирии адибон дониста мешавад. Бино ба андешаи мутахассисони соҳа, тазкиранигорӣ дар таърихи адабиёти форсу тоҷикӣ равишҳои хосаи нигориш дошта, тазкираҳо дар арзёбии осори муҳими адабӣ ва шинохти табъу имконияти сухансанҷии гузаштагон нақши равшане гузоштаанд.
  3. Фарқи дигари тазкираҳои Малеҳо ва Мутрибӣ, инчунин дар фароҳам овардани каломи шоирон дониста мешавад. Малеҳо аз осори суханварон намунаҳоро ба як тартибу низоми муайян зикр накардааст.
    Дар тазкираи ў аз ашъори шоирон аз 1 то 70 байт намуна оварда шудааст. Вале ба қавли адабиётшинос Садри Саъдиев дар ин «бемеъёрӣ»-и зикри намунаҳои шеърӣ низоми муайяне дида мешавад: ҳаҷму миқдори намунаҳои зикргардидаи осори ин ё он шоир асосан вобаста ба мақому манзалати ў дар шеъру адаби давр мебошад.
    Малеҳо агар дар зикри шоирони дараҷаи дуюм ва ё ҷавон, инчунин аз ҳаваскорони шеър як-ду ё андаке бештар абёти онҳоро меоварад, аммо аз эҷодиёти шоирони маъруф намунаҳои зиёде сабт менамояд. Ин кор дар тазкира пурра риоя нашудааст.
    Арзиши тазкираҳои мавриди таваҷҷуҳ, қабл аз ҳама, дар он аст, ки ба воситаи маводи онҳо доир ба рўзгор ва осори суханварони асрҳои XVI–XVII маълумоти муҳимро ба даст оварда метавонем. Яке аз масъалаҳои асосӣ ва маълумотҳои муҳиме, ки зикраш дар тазкираҳои номбаршуда рафтааст, равобити доираҳои адабӣ ва муносибати байни суханварон дониста мешавад. Соҳибони тазкираҳо баробари бозгўии авзои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании замони хеш, аз хусуси ҳамоҳангӣ ва иртиботи адабии миёни шоирони Осиёи Марказӣ бо Ҳиндустон, Эрон ва Афғонистон низ ёдовар шудаанд. Аз ин ҷиҳат, қимати тазкираҳои Мутрибӣ ва Малеҳо ҷиҳати бозгўи масъалаҳои умдаи адабиётшиносӣ ва шинохти чеҳраҳои номаълуми қарни XVI–XVII хеле зиёд аст.

Илёс МАҚСУДОВ,
донишҷӯи курси 4‑уми шӯъбаи тоҷикии факултети филологияи рус ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тирмиз

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ