Аълохонони техникум ба курси дуюми донишгоҳ қабул мешаванд

Дар соли нави хониши 2023-2024 дар шакли таълими рӯзонаи Донишгоҳи давлатии ветеринария, чорводорӣ ва биотехнологияи Самарқанд сето самти нави таълимӣ: хоҷагии ҷангал ва идоракунии муҳити зист, карантин ва ҳифзи растаниҳо, биоресурсҳои об ва аквакултура кушода мешавад.  Дар ин бора, дар анҷумони матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилоят доир гашт, гуфта шуд. 
Дар соли нави хониш ба донишгоҳи мо барои таълими рӯзонаи бакалаврӣ 535 гранти давлатӣ ва 840 то квота дар асоси шартнома ҷудо карда шудааст, — гуфт  ректори донишгоҳ Худойназар Юнусов. – Инчунин, барои таҳсили ғоибона 400 квота ва барои магистратура 94 квота ҷудо карданд. Ғайр аз ин, довталабоне, ки техникумҳои ба таълими бакалаврии донишгоҳ мувофиқро бо баҳои аъло хатм намудаанд, дар асоси сӯҳбат берун аз квотаи додашуда ба курси дуввум қабул карда мешаванд. Дар он танҳо дониши довталабро месанҷанд. Ӯ техникумро бо дипломи сурх тамом карда бошаду ба саволҳои аъзои комиссия ҷавоб дода натавонад, ба донишгоҳ қабул карда намешавад. Довталабе, ки ба курси дуюм дар асоси сӯҳбат қабул шудааст, дар асоси шартнома таҳсил мекунад.
Ҳоло дар донишгоҳ барои фароҳам овардант шароити мусоид ба довталабон ва падару модари онҳо телефони маркази “Call” фаъолият мебарад. Ба он довталабон метавонанд бо суолҳои худ муроҷиат кунанд.
Имрӯз дар донишгоҳ 7 то факултет бо таълими рӯзона мавҷуд буда, дар он ҳамагӣ 22  то равияи таълим, дар шакли таълими ғоибона бошад, аз рӯи 13 то ихтисос таълим дода мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ