Самтҳои нави таълимӣ ташкил гардиданд

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки мутасаддиёни Донишкадаи давлатии забонҳои хориҷии Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст проректор доир ба ба корҳои молиявӣ-иқтисодӣ Зафарҷон Қӯзиев дар бораи корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ, ки дар донишкада амалӣ мегарданд, нақшаҳои оянда маълумот дод.
– Ҳоло дар донишкада ба беш аз 12 ҳазор донишҷӯён қариб 700 нафар профессор-устодон таълим медиҳанд, — гуфт З.Қӯзиев. – Солҳои охир бо мақсади беҳсозии пойгоҳи моддӣ-техникии донишкада корҳои шоёни таҳсин амалӣ гардиданд. Моҳи октябри соли гузашта хонаҳои таълимӣ, чор хонаи компутер, толори фаъолон, Маркази захираҳои ахбор бунёд ва ба истифодабарӣ супорида шуд. соли ҷорӣ низ бинои таълимӣ, ки барои таҳсили 1000 нафар пешбинӣ шудаат, таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид. Ҳоло бунёди бинои ҳафтошёнаи таълимии дорои 2000 ҷойи нишаст идома дорад. Инчунин, то анҷоми сол бунёди майдони варзишӣ, маҷмӯаи варзишии пӯшида, муассисаи таълими томактабӣ ва мактаби махсуси забонҳои хориҷӣ дар назар аст.
Дар идома проректор оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавӣ-маърифатӣ, котиби масъули комисиияи қабули донишкада Отабек Ғайбуллоев роҷеъ ба ҷараёни қабули соли хониши 2023-2024, квотаҳои қабул ба зинаҳои бакалавр ва магистратура, самтҳои нави таълимӣ маълумот дод.
– Дар соли хонишӣ 2023-2024 ба шӯъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр қабули 2045 нафар донишҷӯ дар назар аст, — гуфт О.Ғайбуллоев. – Ба шӯъбаи шабона бошад 950 нафар ва ба магистратура 212 нафарро қабул хоҳем кард. Исмол дар зинаи бакалавр 3 самти нав — “Забони русӣ дар гурӯҳҳои таълимашон ба забони дигар”, “Филология ва бозомӯзии забонҳо: забони туркӣ” ва дар шӯъбаи ғоибона самти “Филология ва бозомӯзии забонҳо: забони русӣ” кушода шуд. Инчунин, дар шӯъбаи магиятратура низ самти нави “Лингвистика: забони русӣ” боз гардид.
Инчунин, дар анҷумани матбуотӣ дар бораи квотаҳои мақсаднок, имтиёзнок, фаъолияти маркази ахборӣ ва маслиҳатӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ ва ғайра маълумот дода шуд.
– Ҳоло дар донишкада 17 нафар донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мегиранд, — гуфт сарвари шӯъбаи ҳамкории байналмилалб Баҳодур Бердиалиев. – Мо барои ҷалби бештари донишҷӯёни хориҷӣ чорабиниҳо мегузаронем. Аз ҷумла, соли ҷорӣ “Мактаби баҳорӣ” ташкил карда, аз кишварҳои хориҷӣ қариб 50 нафар ҷавононро даъват кардем ва ба онҳо забон ва маданияти ӯзбекиро омӯхтем. Бояд гуфт, ки донишҷӯёни хориҷиро танҳо дар асоси сӯҳбат қабул мекунем ва барои таҳсилу ҷойи зисти онҳо кӯмак менамоем.

Ф.ЮЛДОШЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ