Марҳамат, ба кошонаи илму дониш!

Дар донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд тадбири «Рӯзи дарҳои кушода» баргузор гардид. Дар он довталабон, волидайни онҳо, меҳмонони хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои гуногун ва расонаҳои ахбор ширкат варзиданд. 

Ректори донишгоҳ, доктори фанҳои педагогӣ, профессор Юсуф Абдуллоев ҳозиронро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки таълимгоҳи мазкур бо фармони Президентамон аз 28-уми январи соли 2022 таъсис ёфтааст. Ҳоло ҷараёни дарсҳо соф ба забони англисӣ буда, қариб 99 фоизи устодон аз хориҷа мебошанд. Барои беҳтару хубтар омӯхтани забонҳои ӯзбекӣ ва хориҷӣ дар назди донишгоҳ маркази забонҳо таъсис ёфт.

— Дар соли равон самтҳои «Тадбиркорӣ ва менежмент», технологияи ахборӣ ва ғайра ташкил кардем. Ҳоло чаҳор факулта фаъолият мебарад. 

Таҳсил 4 сол идома ёфта, толибилмон метавонанд чӣ дар Самарқанд, чӣ дар хориҷа, яъне 82 донишгоҳҳои бонуфузи олам, ки шартномаи ҳамкорӣ дорем.

Инчунин дар тадбир профессорон аз Амрико Старт, Италия Ҷезеппо Самиена, Куриёи Ҷанубӣ Чунк, Киё Сан, Ан, сардори шӯъбаи таҷрибаомӯзии донишгоҳи мазкур Элбек Алихонов ва дигарон ба сухан баромада, ба довталабон омад талабиданд. 

Дар поёни вохӯрӣ падар-модарон ва довталабон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Боиси хурсандист, ки хатмкунандагони мактабҳои миёна Адиба Асророва, Далер Усмонов ва Дониёр Тоҳиров, ки ғолиби озмунҳои байналмилалӣ шудаанд, ба тариқи сӯҳбат ба донишгоҳ қабул карда шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ