Дар донишкада факултет ва самтҳои нав ташкил гардиданд

Дирӯз дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки мутасаддиёни Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст проректор доир ба ба корҳои таълимӣ, ҷонишини раиси комиссияи қабул Т. Шарифов роҷеъ ба хусусиятҳои ба худ хоси ҷараёни қабули соли хониши 2023–2024, квотаҳои қабул ба шаклҳои таълими рӯзона, ғоибона ва шабонаи зинаҳои бакалавр, инчунин, шӯъбаи магистратура, факултет ва самтҳои нави таълимӣ маълумот дод.

— Дар соли хонишӣ 2023–2024 ба шӯъбаи рӯзонаи зинаи бакалавр аз рӯйи 16 самт қабули 1100 нафар донишҷӯ дар назар аст, — гуфт Т. Шарифов. — Ба шӯъбаи ғоибона ва шабонаи донишкада бошад қабули 1300 нафар (650 нафарӣ) пешбинӣ шудааст. Исмол дар зинаи бакалавр 3 самти нав — «Хидматрасонӣ ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ», «Бизнес-­таҳлил» ва «Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ (аз рӯйи минтақаҳо ва намудҳои фаъолият) кушода шуд. Инчунин, дар шӯъбаи магистратура низ самтҳои нави «Хидматрасонӣ ва маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои инвеститсионӣ» ва «Логистика (аз рӯйи самтҳо)» боз гардид.

Зикр гашт, ки квотаи қабул нисбат ба соли хониши гузашта дар зинаи бакалавр 6 фоиз ва дар шӯъбаи магистратура 12 фоиз афзудааст. Дар ду соли охир теъдоди факултетҳои донишкада низ афзуда, дар соли таҳсили гузашта факултети «Ҳисоби бухгалтерия ва менеҷмент» ва аз соли таҳсили имсола факултети «Идораи иқтисодиёти сабз ва захираҳои инсон» кушода шуданд.

Дар идома сарвари шӯъбаи магистратура, котиби масъули комиссияи қабул Ш. Султонов дар бораи ҷараёни таълим дар шӯъбаи магистратура, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамзамон роҷеъ ба фаъолияти Call-markaz ва Маркази маслиҳати комиссияи қабул маълумот дод.

— Аз оғози ҷараёни қабул дар донишкада фаъолияти Call-markaz ва Маркази маслиҳат ба роҳ монда шуда, ҳоло дар ин ҷо мутахассисони ботаҷриба ба савол ва муроҷиатҳои довталабон, шаҳрвандон ҷавоб медиҳанд, — гуфт Ш. Султонов. — Аз оғози ҷараён то ҳол беш аз 350 муроҷиат қабул гардид. Аксар шаҳрвандон на тавассути телефон, балки ба Маркази маслиҳат омада, бевосита муроҷиат мекунанд ва ба саволҳои худ ҷавоб мегиранд.

Ф.ЮЛДОШЕВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ