Имтиҳонҳои эҷодӣ дар Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия

Дар Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-­Финландия аз санаи 27‑уми июл то 4‑уми август барои довталабоне, ки аз онҳо иқтидори алоҳида талаб карда мешавад, имтиҳонҳои қабули касбӣ (эҷодӣ) гузаронида шуд.
Имтиҳонҳо дар 9 самт, аз ҷумла санъати тасвирӣ ва графикаи муҳандисӣ, таълими мусиқӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар таълими томактабӣ ва ибтидоӣ, маданияти ҷисмонӣ, фаъолияти варзишӣ (футбол, тӯби дастӣ, гӯштӣ, волейбол) ва барои довталабони нобино ва имконияти ҷисмонияшон маҳдуд доир гаштанд.
Имтиҳонҳои эҷодӣ дар ду баст: бас­ти якум аз соати 8:00 ва басти дуюм аз соати 14:00 баргузор гардиданд.
Бо мақсади таъмини шаффофияти имтиҳонҳои эҷодӣ вакилони ҷомеаи васеъ, аз ҷумла намояндагони шӯрои шаҳри Самарқанд, вакилони Агентии корҳои ҷавонон ва ходимони васоити ахбори оммавӣ ҷалб гардиданд.
Инчунин, барои падару модарони довталабон ҷойҳои махсуси интизорӣ бо воситаҳои сардибахш таҷҳизонида шуданд.
Дар имтиҳонҳои эҷодӣ зиёда аз 1200 довталаб иштирок карданд ва ҷавоби имтиҳонҳои онҳо худи ҳамон рӯзи имтиҳон эълон карда шуд.

Ҳ.СОДИҚОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ