Дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни занон кӣ ғолиб гардид?

Дастаи мунтахаби занонаи Англия дар муборизаи устувор натавонист дастаи мунтахаби Испанияро дар чемпионати ҷаҳон оид ба футбол мағлуб созад. Испаниҳо бо ҳисоби 1:0 ғолиб омаданд. Голи пирӯзиоварро дар дақиқаи 29-ум Олга Карман аз партофти Калденти Оливер ба нишон расонид.

Бозиро дар Сиднейи Австралия 75 ҳазор нафар тамошобинон мушоҳида намуданд.

Ҳар ду даста- Англия ва Испания бори аввал дар таърихи чемпионати ҷаҳонии занон, ки аз соли 1991 баргузор мешавад, барои медалҳои тилло мубориза бурданд.

Испания дар ду соли охир дар футболи занона муваффақияти беназир ба даст овардааст. Испанизанон – чемпионҳои ҷаҳон дар байни духтарони то 17-сола, чемпионҳои ҷаҳон дар байни духтарони то 20-сола ва чемпионҳои ҷаҳон дар байни занони калонсол мебошанд.

Ба дастаҳои мунтахаби Англия ва Испания барои як даста 4 миллион доллар, ба дастаҳои аз даври интихобӣ гузашта 2,6 миллион доллар ва ба  дастаҳое, ки ҳатто аз гурӯҳ берун нарафтаанд, 750 ҳазор доллар супорида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ