Духтарони дастаи «Нафис», ки соҳиби Ҷоми ХАД гардидаанд, хеле хуб пешвоз гирифтанд

Тавре хабар дода будем, дар марҳилаи ҷумҳуриявии «Ҷоми Хадамоти амнияти давлатӣ» байни духтарон оид ба намуди мини футбол, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи футболи духтаронаи «Нафис»-и маҳаллаи Нӯши ноҳияи Ҷомбой сазовори ҷои аввал ва ғолиб шуд. Онҳо бо мукофоти пулии 150 миллион сӯм мукофотонида шуданд.

Имрӯз дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд маросими истиқболи дастаи духтаронаи «Нафис», ки соҳиби Ҷоми ХАД гардидаанд, гузаронида шуд.

Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Х.Очилов, З.Раҳмонова, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Ҷомбой, бахши сиёсати ҷавонон ва варзиши вилоят, дӯстдорони варзиш, намояндагони аҳли ҷомеа ва волидони духтарони дастаи ғолиб ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ эътироф гардид, ки дар мусобиқаи мазкур байни занон таҳти шиори «Ҷавонони солим – ояндаи Ӯзбекистони нав» дастаи «Нафис» шарафи вилояти моро мардонавор ҳимоя намуд.

— Мо ба шарофати омодагии мунтазам ва ҳамфикрии духтарони командаамон ба ин натиҷа расидем, — мегӯяд Санам Муродова, бозигари «Нафис». — Аммо ин кори осон набуд. Дастаи мо барои оянда нақшаҳои зиёде дорад. Ба сафамон ҷавононе, ки мо барин ба варзиш майл доранд ҷалб менамоему дар чунин мусобиқаҳои бонуфуз ширкат варзида, дар маҳаллаву ноҳияамон ба комёбиҳои боз ҳам баландтар ноил мегардем.

Дар поёни чорабинӣ ба варзишгарон тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят, ноҳияи Ҷомбой ва шӯъбаи Хадамоти амнияти давлатии вилоят супорида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ