Вазифаи асосӣ: беҳсозии инфрасохтори рақамӣ

Имрӯзҳо Интернет дури моро наздик ва мушкиламонро осон мекунад. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи беҳтарин провайдери хидматрасонии интернет як кори душвор мебошад ва дар назди мизоҷон намудҳои зиёди онҳо вуҷуд доранд. Барои қабули қарори дуруст, якчанд омилҳоро омӯхтан зарур аст, ки онҳо ба сифати истифодабарии шумо аз интернет таъсир мерасонанд.
Яке аз омилҳои муҳимтарине, ки ҳангоми интихоби беҳтарин провайдери интернет ба назар гирифта мешавад, суръати пайвасти шумост. Барои корҳое монанди тамошои филми онлайн ё бозӣ, пайвасти баланд суръат зарур аст. Аммо, барои фаъолиятҳои оддӣ, аз қабили дидани веб-сайт ё почтаи электронӣ, суръати пасттар метавонад кофӣ бошад.
Ҷанбаи дигари муҳиме, ки бояд ба назар гирифта шавад, эътимоднокии пайвастшавӣ аст. Ҳеҷ чиз одамро монанди қатъ шудани пайвастшавӣ ҳангоми анҷом додани як вазифа дар интернет рӯҳафтода карда наметавонад. Ҳангоми ҷустуҷӯ провайдереро пайдо кардан даркор, ки пайвасти боэътимодро бо вақти камтарин барои таъмин кардани таҷрибаи ҳамвор дар онлайн пешниҳод кунад.
Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбектелеком» бошад, бо мақсади дар саросари мамлакат дар ин бобат корҳоро барои ба мардум боз ҳам муҳайё сохтани шароити мусоид, бунёд кардани линияҳои алоқаи нахи оптикӣ, гузоштани портҳои васлкунии фароғмаҷро, васеъ намудани доираи хидматрасонӣ идома медиҳад. Ин хел корҳо аз ҷониби ташкилоти алоқаи телекоммуникатсияи шаҳри Самарқанд низ амалӣ мегарданд. Анҷумани матбуотие, ки дар Хонаи матбуоти вилоят гузаронида шуд, ба ҳамин мавзӯъ вобаста буд.
Аз ҷумла, бо мақсади ривоҷ додани инфрасохтори рақамӣ ва зиёд кардани сифати хидматҳои телекоммуникатсионӣ дар шаҳри Самарқанд дар моҳҳои гузаштаи соли равон 167 километр шабакаҳои алоқаи нахи оптикӣ сохта шуда, аз рӯйи дар шаҳри Самарқанд сохтани шабакаҳои алоқаи нахи оптикӣ 40 дарсади реҷа (414 километр) иҷро гардид ва дарозии умумии шабакаи алоқаи нахи оптикӣ аз 1487 километр гузашт.
Дар моҳҳои гузаштаи соли равон дар шаҳри Самарқанд дараҷаи ҷалбнамоӣ ба васлкунӣ ба сохтори Интернет аз ҷониби алоқаи телекоммуникатсионии шаҳри Самарқанд 23 дастгоҳи Switch-и 552 портӣ ва 3_то дастгоҳи MSAN — 512 портӣ гузаронида шуда, портҳои васлкунӣ ба сохтори умумии фароғмаҷро ба 212783_то расонда шуд.
Дар шаҳри Самарқанд корҳо аз рӯйи зиёд кардани сифати хидматҳо, зина ба зина ба шабакаҳои алоқаи нахи оптикӣ гузарондани шабакаҳои алоқаи нахи мисин амалӣ мешаванд.
Аз ҷумла, дар моҳҳои гузаштаи соли равон шабакаҳои алоқаи нахи миси якчанд сокинони кӯчаҳои Гагарин ва Ибн Халдуни шаҳр модернизатсия карда шуданд, аз нав пурра ба дастгоҳҳои MCAH васл гардид.
Бо мақсади озод ва зуд истифода бурдани аҳолӣ аз шабакаҳои Интернет ҶМ «Ӯзбектелеком» ба аҳолӣ як қатор сабукиҳо пешниҳод кард. Аз ҷумла, онҳое, ки хоҳиши маротибаи аввал ба шабакаи Интернет васл шудан доранд, метавонанд тавассути зангзанӣ ба рақами кӯтоҳи 1090 муроҷиат кунанд.
Дар поёни анҷуман роҳбари ташкилоти алоқа телекоммуникатсияи шаҳри Самарқанд Ӯктам Қӯшбоқов ва дигар мутахассисони соҳа ба саволҳои журналист ва блогерон посух доданд.

Ҷамшед ОБИДОВ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ