Ovozi.uz

Аврупо дастгоҳи ҷамъоварии партовҳои кайҳониро ба коинот мефиристад

Агентии кайҳонии Аврупо қасд дорад барои гирифтани моҳвораҳои сунъии аз фаъолият бозмонда ва аз мадор берун овардани онҳо дастгоҳи махсусро ба мадор барорад. Барои таҳияи ин технология беш аз 102 миллион евро ҷудо гардидааст. Дар ин бора нашрияи BILD хабар додааст.

Лоиҳаи мазкурро консорсиуми байналмилалӣ таҳти роҳбарии ширкати олмонии OHB таҳия мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки миссияи ClearSpace-1 соли 2030 ба коинот фиристода шавад.

Мақсади аввалини дастгоҳ моҳвораи сунъии PROBA-1 хоҳад буд, ки соли 2001 ба мадор бароварда шудааст. Дастгоҳи ҷамъоварии партовҳои кайҳонӣ мустақилона ба он наздик шуда, бо ёрии чор бозуи роботӣ моҳвораро ба даст мегирад. Сипас, ҳар ду дастгоҳ ба самти атмосфераи Замин равона карда мешаванд. Интизор меравад, ки ҳангоми ворид шудан ба атмосфера онҳо сӯхта, нобуд шаванд.

Бо зиёд шудани ҳаҷми партовҳо дар мадори Замин зарурати истифодаи чунин технологияҳо низ меафзояд. Тибқи маълумоти Агентии кайҳонии Аврупо, дар мадори Замин беш аз 47 ҳазор объект таҳти назорат қарор доранд. Шумораи зарраҳои хурди партовҳои кайҳонӣ, ки андозаашон аз 1 то 10 сантиметр аст, метавонад ба 1,5 миллион адад расад.

Ба далели суръати баланди ҳаракат дар фазо ҳатто зарраҳои хурди партовҳои кайҳонӣ низ метавонанд ба моҳвораҳои амалкунанда осеб расонанд, хабар медиҳад Kazinform.