19 ноябр — Рӯзи занони соҳибкор
Дар паси ҳар як зани муваффақи соҳибкор ҳикояи хоси ӯ меистад: аз ким-чӣ оғоз ва душвориҳоро паси сар намудааст, донишҳои нав андӯхтааст ва оҳиста-оҳиста ба сӯи мақсадаш пеш рафтааст. Имрӯз чунин ҳикояҳо рӯз то рӯз бештар мешаванд.
Дар ин роҳ онҳоро шуъбаи вилоятии иттиҳодияи байналмилалии занони соҳибкори «Тадбиркор аёл» дастгирӣ мекунад.
Иттиҳодия аз соли 1991 дар Ӯзбекистон фаъолият дорад. Шуъбаҳои минтақавии он аз солҳои аввали таъсисёбиаш ба занон барои аз худ кардани фаъолияти соҳибкорӣ ёрӣ мерасонанд.
— Дар оғоз кор осон набуд, — гуфт роҳбари шуъбаи вилоятии «Тадбиркор аёл» Фирӯза Хонкелдиева. — Мо, ҳатто ба хонаҳои занон рафта, мепурсидем, ки оё мехоҳанд худро дар соҳаи соҳибкорӣ санҷанд. Дар бораи имкониятҳо нақл мекардем, онҳоро бовар мекунондем, ки натарсанд ва қадамҳои аввалро гузоранд. Дар ёд дорам, ки даҳ сол пеш ҳамагӣ тақрибан 100 нафар зан узви шуъбаи вилоятии мо буд. Имрӯз шумораи онҳо қариб ҳашт баробар афзудааст. Илова бар ин, ба ғайр аз аъзои доимии иттиҳодия, ба беш аз се ҳазор бонуи соҳибкори дигари минтақа низ кумак мерасонем. Хусусан, аз он шодем, ки имрӯз занони синну соли гуногун ба таъсиси кори хусусӣ рӯ меоранд. Ҳар кадоми онҳо шароит, андеша ва имкониятҳои худро доранд. Мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳар яке дар пайдо кардани роҳи муносиб кумак расонем.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, танҳо хоҳиши машғул шудан ба соҳибкорӣ кофӣ нест. Пеш аз ҳама, бояд муайян кард, ки хидматрасонӣ ё маҳсулоти оянда то чӣ андоза талабгор дорад, муштариёни эҳтимолӣ киҳоянд ва дар ин роҳ бо чӣ муаммоҳо мумкин аст рӯ ба рӯ шуд. Баъзан соҳибкорони навкор чунон ба ғояҳои худ дода мешаванд, ки масъалаи муҳим — омӯзиши бозорро аз мадди назар дур мегузоранд.
— Бисёр вақт чунин мешавад, ки зане бе таҷрибаи кофӣ ва маслиҳати мутахассисони соҳибихтисос қарор мекунад дар маҳаллае, ки аллакай панҷ-шаш чунин муассиса фаъолият дорад, толори зебоӣ кушояд, — фаҳмонд Ф.Хонкелдиева. — Албатта, агар худи ӯ устои моҳир бошаду муштариён барои қабули ӯ як моҳ пештар навбат гиранд, чунин соҳибкорӣ оянда дорад. Аммо агар на таҷриба бошаду на гурӯҳи корӣ ва на дарки талаботи бозор, фаъолият метавонад зуд ба муаммо рӯ ба рӯ шавад. Аз ин рӯ, мо тавсия медиҳем, ки аввал бозор ва рақобатро омӯзанд ва баъд маблағгузорӣ намоянд.
Имрӯз фаъолияти иттиҳодия дар якчанд самт ба роҳ монда шудааст: омӯзиш, таъмини шуғли аҳолӣ, ҷалби маблағгузорӣ, васеъ намудани робитаҳои корӣ ва ҳалли муаммоҳои соҳибкорзанҳо. Ба баланд бардоштани саводнокии соҳибкории занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Бо ин мақсад семинар, дарсҳои маҳорат ва суҳбатҳои мизи мудаввар баргузор мегарданд. Аз аввали сол дар чунин чорабиниҳо тақрибан ду ҳазор зан иштирок кардаанд.
Барои оғози соҳибкорӣ на ба ҳар зан маблағи калон лозим аст. Баъзан кофист, ки касби серталабро аз худ кунад, малакаҳои амалӣ пайдо намояд ва фаъолияти худро дар хона оғоз кунад. Аз ҳамин ҷост, ки омодасозии касбӣ дар фаъолияти иттиҳодия ҷойгоҳи муҳим дорад. Бо кумаки он занон метавонанд дар маркази таълими «Бибихонум» касбу ҳунар омӯзанд. Дар ин ҷо дӯзандагӣ ва буридани либос, қаннодӣ, ошпазӣ, ҳунари сартарошӣ, маникюру педикюр, саводнокии компутерӣ ва дигар соҳаҳои серталаб омӯзонида мешаванд. Барои баъзе гурӯҳҳои занон имкони таҳсили бепул низ пешбинӣ шудааст.
Натиҷаи ин фаъолият ҳамчунин дар васеъ гардидани имкониятҳои шуғл зоҳир мешавад. Аз рӯйи ҷамъбасти нимсолаи аввал, бо дастгирии иттиҳодия 207 нафар зан бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Як моҳ пеш он соҳиби мақоми ташкилоти байналмилалӣ гардид, ки ин имкон медиҳад ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ густариш дода, дар барномаҳои грантӣ иштирок намояд ва ташаббусҳои муштаракро амалӣ созад.
Замира БОЛТАЕВА
