Ин технология аз гузаргоҳи анъанавии «зебра» бо он фарқ мекунад, ки он дар шароити гуногуни обу ҳаво низ хуб намоён аст.
Дар кӯчаи Қумариқи шаҳри Тошканд гузаргоҳи проексионии пиёдагардон насб карда шуд, ки бо ёрии рӯшноӣ дар рӯи роҳ инъикос мегардад. Дар ин бора Маркази ташкили ҳаракати роҳ хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти марказ, технологияи нав ҳоло дар марҳилаи санҷиш қарор дорад. Дар ин усул хатҳои гузаргоҳи пиёдагардон бо ранг дар роҳ кашида намешаванд, балки тавассути таҷҳизоти махсуси рӯшноидиҳанда дар сатҳи роҳ инъикос мегарданд.
Бартарии ин усул дар он аст, ки хатҳои рӯшноиро борон шуста наметавонад, барф онҳоро намепӯшонад ва чархҳои автомобилҳо низ аз байн намебаранд. Ҳамчунин, ин хатҳо шабона ва дар шароити борону туман низ равшан ва хуб намоён мебошанд.
Технологияи нав ба ронандагон имкон медиҳад, ки гузаргоҳи пиёдагардонро аз масофаи дуртар пай бурда, суръати ҳаракатро пешакӣ паст кунанд. Ин иқдом метавонад ба баланд бардоштани бехатарии пиёдагардон хизмат намояд.
Агар технология ҳангоми санҷиш дар шароити гуногуни обу ҳаво самаранокии худро нишон диҳад, насби чунин гузаргоҳҳои рӯшноидиҳанда дар дигар ноҳияҳои шаҳри Тошканд низ ба роҳ монда мешавад.
