Вазири корҳои дохилии Эрон Аҳмад Воҳидӣ рӯзи панҷшанбе шумораи ҳалокшудагонро дар натиҷаи ду таркиш дар назди оромгоҳи собиқ фармондеҳи қисми махсуси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Қосим Сулаймонӣ дар ҷанубу шарқи шаҳри Кирмон аз 95 то 84 нафар муайян намуд. Дар ин хусус Агентии иттилоотии донишҷӯёни эронӣ хабар додааст.Аҳмад Воҳидӣ иттилоъ дод, ки шумораи маҷруҳон 284 нафарро ташкил дода, 220 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ ҳастанд, вазъи баъзеи онҳо дар шуъбаҳои эҳёгарӣ вазнин мебошад.
Шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи ду таркиш дар Эрон муайян гардид
