Ovozi.uz

Институти Раёсати Шӯрои намояндагони халқ ҷорӣ карда мешавад

Бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти рақами 1188, ки 12 ноябр қабул гардид, ба Қонун «Дар бораи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ» тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд.

Тибқи тағйироти мазкур, дар Шӯроҳои намояндагони халқ вазифаи ҷонишини раиси шӯро таъсис дода мешавад. Дар сурати ҳузур надоштани раиси шӯро ё иҷро карда натавонистани вазифаҳои дар зимааш буда, ваколатҳои ӯро ҷонишинаш иҷро мекунад.

Ҳамзамон, институти Раёсати шӯро ҷорӣ карда мешавад.

Ба ҳайати Раёсати шӯро раиси он, ҷонишинаш, роҳбарони гурӯҳҳои ҳизбӣ, раисони комиссияҳои доимӣ ва ҳоким дохил мешаванд.

Раёсати Шӯрои намояндагони халқ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

таҳияи лоиҳаи рӯзномаи сессияи шӯро;
даъват намудани сессияи Шӯрои намояндагони халқ;
ҳамоҳангсозии фаъолияти комиссияҳои доимӣ.

Инчунин, бо қонун ҷорӣ намудани институти «Соати шӯро» пешбинӣ шудааст, ки дар доираи он посухҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ба саволҳои вакилон шунида мешаванд.

Пешниҳод оид ба баргузории «Соати шӯро» бо ташабуси вакилони шӯро, комиссияҳои доимӣ ё гурӯҳҳои ҳизбӣ дар Раёсати шӯро баррасӣ мегарданд.

Ташаббускорони «Соати шӯро» саволҳои вакилонро барои пешниҳод ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии дахлдор таҳия мекунанд. Раиси шӯро ин саволҳоро ба роҳбарони мақомоти мазкур ирсол менамояд.

Қонуни мазкур аз рӯзи чопи расмӣ эътибор пайдо мекунад.