Одамизод, ки дар ҷомеа зиндагонӣ мекунад, ногузир ҳар рӯз бо шахсони гуногун вомехӯрад. Дар ҷои кор, роҳу кӯча, мағозаву бозор… бо хурду калон, шиносу бегона рӯ ба рӯ мешавад ва бо тақозои ҳаёт бо онҳо муомилаву муносибат мекунад. Яке ба одам таъсири неке бахшад, рафтору гуфтори дигаре одамро рӯҳафтодаву ғамгин месозад.
Аксари калонсолон аз рафтору кирдори ҷавонони имрӯза норозигии худро изҳор мекунанд. Эроду изҳори норозигии онҳо асос ҳам дорад. Масалан, пирамарде дар боғ ба хараке нишастан мехоҳад. Аммо дар хараки сояҷои таги дарахт ҷавоне нишастааст: сумкааш дар тарафи рост бошад, як баклашкаи обаш дар тарафи чапи болои харак. Худаш дар мобайни харак нишаста, ғарқи тамошои кадом як барномаи канали Ютуби интернет аст. Пирамард асозанон ба наздаш ояд, ки ҷавон хаёли чизҳояшро ғундошта, ҷой додан надорад. Ҳатто, шояд ба ҳурмати пирамард аз ҷой хестан ва ё салом доданро умуман барои худ нораво мепиндорад.
Дар нақлиёти ҷамоатӣ ҳам қариб ҳамин хел ҳолатҳо ба мушоҳида мерасанд. Ду нафар духтараки дар курсӣ нишаста дар даст телефон доранд ва ҳар замон ба гӯши якдигар чизе гуфта, қиқирросзанон механданд. Зане бо кӯдаки ширмак дарояд, ки духтарон парвое намекунанд, гӯё кӯр бошанд, зани кӯдакдорро намебинанд. Зани солхӯрдае кӯдаки занро гирифт, ки ба ҷавонзан кӯмак кунад. Вале кӯдак ӯро бегона пиндошта, гиря кард. Зани солхӯрда маҷбур шуд ҷойи худро ба онҳо диҳад.
Пирамарди ҳампаҳлӯи ман аз дидани ин хел вазъиятҳо бисёр дилгир шудааст, магар ки дарди дилашро ба ман кафонд:
— Ман ҳам дар хона ду набераи калон дорам: яке писару дигаре духтар. Саҳарӣ онҳоро бедор кунам, ба тезӣ аз хоб хестан намехоҳанд. Баъди бо азоб бедор кардан бо суханони хуш мегӯям, ки аз ҳоло барвақт хестан, кор карданро омӯзанд, дар оянда ба худашон даркор мешавад… «Э бобо, — мегӯяд набераи калониам шарм надошта, — ҳоло мо хурдем, айни вақти хобида, дам гирифтанамон аст. Калон шавем, сонӣ барвақт хеста, кор мекунем…» Ҳайрон мемонед. Духтарнабераам ҳам ҳамин хел. Ба кору бори рӯзгор бепарво. Аз хоб хеста, хӯрок мехӯрад ва либосҳояшро пӯшида, фасон шуда, ба мактабаш меравад. Гап таъсир намекунад. Ба падару модарашон шикоят кунам, ки онҳо бепарвоёна. «Калон шаванд, ақлашон медарояд!» мегӯянд. Охир, ба тарбияи фарзандон аз хурдӣ эътибор надиҳанд, пагоҳ-фардо дер ва баъд балои ҷонашон мешаванд. Вале сад афсӯс, ки онҳо инро ҳоло намефаҳманд. Баъде, ки кор аз кор гузашт, вовайлои пинҳониашон беҳадду ҳудуд мешавад.
Калонсолон ба насли наврасу ҷавон бо умеди калоне менигаранд. Онҳоро қувваи бузурги пешбарандаи ҷомеа медонанд. Охир, ояндаи ҷамъияту давлат ба сатҳи дониш, фарҳанг ва фаъолияти онҳо вобастагӣ дорад. Агар ҷавонон бо иродаи қавӣ, ҳисси масъулият ва меҳнатдӯстӣ фаъолият намоянд, метавонанд барои пешрафти ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзанда гузоранд.
Имрӯз ҷавонон барои хониш, донишгирӣ ва касбомӯзӣ, баробари имкониятҳо бо як қатор мушкилот низ рӯ ба рӯ мешаванд. Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, бекорӣ ва баъзан камбудӣ дар тарбияи маънавӣ метавонанд ба зиндагии онҳо таъсири манфӣ расонанд. Коршиносон таъкид мекунанд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш, фарҳанг ва масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳалли ин мушкилот аҳамияти калон дорад.
Норозигии калонсолон аз ҷавонон дар замонҳои пеш ҳам вуҷуд доштанд ва ин падида қариб дар ҳамаи давру замонҳо ба назар мерасад. Насли калонсол аксар вақт чунин ҳис мекунад, ки ҷавонон аз арзишҳо, одатҳо ва тарзи зиндагии онҳо дур шудаанд. Аз тарафи дигар, ҷавонон фикр мекунанд, ки калонсолон онҳоро дуруст намефаҳманд.
— Аз хонашинӣ ба кӯча ё чойхона баромаданам беҳтар аст, — дарди дил карда гуфт сокини маҳаллаи Бирдамлики шаҳри Самарқанд Р.Пӯлодов. — Дар хона бошам, ба бачаҳо ҳам намефорад. Чунки ман ба ҳар кору рафтори онҳо эрод мегирам. Ё ман нодон, ё бачаҳо ҳеч чизро намефаҳманд. Масалан, ман барои чӣ дар ҳавлӣ боғ бунёд кардаам? Барои он ки аз меваҳояш бачаҳову набераҳо баҳравар шаванд. Себу зардолу мепазад. Ҳосили тайёр, бепул, боз дар даруни ҳавлӣ. Аз ҷиҳати экологӣ ҳам тоза. Вале ба ҳамонро канда хӯрдан хушашон намеояд. Порсол олу ба тагаш рехта, зери по шуд. Ба ҳосили анор ҳам чандон эътибор надоданд. Худам чида, ба ҳамсояҳо тақсим кардам. Ба инҳо чӣ бало задааст, худам ҳайрон. На сарфакориро медонанд ва на ба қадри меҳнати дигарон мерасанд… Як рӯз дари яхдонро кушода, аз ҳайрат шах шудам. Дар 4–5 косаву табақчаҳо хӯрокҳои боқимондаи рӯзҳои гузашта. Онҳоро нахӯрда, боз аз кӯча қимакабобу оши палав «заказ» мекунанд. Тайёрхӯр шудаанду ҳатто, ба шустани дегу табақ ҳавсала надоранд. Келинро ҷанг кардам. Ба писарам фармудам, ки ҳар рӯз дар хона хӯрок пазанд ва то ҳамаашро хӯрда тамом накунанд, ош напазанд. Аз кӯча хӯрда омаданро ҳам бас кунанд. Алам карда, чанд рӯз ба ман ало-ало нигоҳ карданд. Охири ин ношукрӣ аст. Ношукрии худамон ягон рӯз ба худамон гарон меафтад.
Дар нописандиҳои ҷавонон бештар технологияҳои замонавиро гунаҳкор меҳисобанд. Чунки дар тарбия, масъулиятшиносӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар арзишҳои инсонӣ смартфону шабакаҳои интернетӣ таъсири манфӣ расондаанд.
Ҳоло наслҳоро табақабандӣ ҳам кардаанд. Наслеро, ки солҳои 1997–2010 таваллуд шудаанд, ба насли Z (зумерҳо) мансуб медонанд. Ин насл баъди оммавӣ гардидани интернет ба дунё омадаанд. Вакилони ин насл аз технологияҳои имрӯза, смартфон ва ЗD моделҳо самарнок истифода мебаранд. Ба воситаи шабакаҳои гуногуни интернетӣ ба изҳори худнамоӣ майл доранд. Онҳо мулоқот дар интернет, гирифтани таҳсил ва кори масофавиро дӯст медоранд. Мутаассифона, аксаран аз ҳаёти реалӣ дур мебошанд.
Баъди онҳо авлоди Алфа (солҳои таваллудашон 2010–2025) ба дунё омадаанд. Ин авлод чаҳорчӯба ва сарҳадро намешиносад. Ончунон ба олами виртуалӣ ғарқанд, ки баъзан ҳаёти реалиро дарк намекунанд. Ҳаёти худро бе интернет тасаввур карда наметавонанд. Дар тарбияву дилхушии онҳо бештар технологияҳои боақл истифода шудаанд.
Баъди соли 2025 авлоди нави Бета ба дунё меоянд. Аз рӯи тақсимбанди ин тахминан то соли 2039 идома меёбад.
Вобастагӣ ба телефону смартфон боиси хонавайрониҳо ҳам мегардад. Оё зиндагии оилавии ҷавононе, ки дар зери таъсири технологияҳои рақамӣ «тарбия» гирифтаанд, хуб мешавад? Ё шояд мо худ маънои масъулият ва сабрро дар оила камтар дарк мекунем?
Мувофиқи гуфтаҳои мудири шӯъбаи қайди асноди ҳолати шаҳрвандии рақами 2‑и шаҳри Самарқанд Заррина Нуриллоева дар давоми 4 моҳи соли равон 203 ҳолати бастани ақди никоҳ ба расмият дароварда шуда, 67 ҳолати ҷудошавӣ ба амал омадааст.
Мувофиқи гуфтаҳои мудири шӯъбаи қайди асноди ҳолати шаҳрвандии рақами 2‑и шаҳри Самарқанд Заррина Нуриллоева дар давоми 4 моҳи соли равон 203 ҳолати бастани ақди никоҳ ба расмият дароварда шуда, 67 ҳолати ҷудошавӣ ба амал омадааст. Агар инро бо ҳамин даври соли гузашта муқоиса намоем, 11 адад зиёд аст.
З.Нуриллоева сабабҳои асосии ҷудошавиро бештар ба омилҳои иҷтимоӣ ва психологӣ вобаста медонад. Истифодаи нодурусти телефон ва шабакаҳои иҷтимоӣ, тайёр набудан ба ҳаёти оилавӣ, бесабрӣ ва надонистани шукри зиндагӣ ба инҳо сабаб шудаанд. Яъне, муаммо бештар дар тафаккури ҷавонон аст. Баъзе арӯсҳои ҷавон мехоҳанд, ки ҳама чиз барояшон тайёр бошад. Ба ҷои пухтупаз аз кӯча хӯрок оварда хӯрданро авло медонанд. Фикру зикри асосии онҳо роҳату фароғати шахсии худ аст.
— Мо ҳамеша мекӯшем, ки оилаи дар «ҷарӣ» қарор доштаро нигоҳ дорем, — мегӯяд З.Нуриллоева, — то ки адади ҷудошавиҳо кам шаваду оилаҳо мустаҳкам гарданд.
Сабабҳои асосӣ нофаҳмии байни насли калонсол ва ҷавон тафовути таҷриба аст. Калонсолон зиндагии сахттарро аз сар гузаронидаанд ва меҳнат, интизом ва масъулиятро муҳим меҳисобанд. Вақте мебинанд, ки ҷавонон ба чизҳо дигар хел муносибат мекунанд, онҳоро зери танқид мегиранд.
Бояд қайд кард, ки ҳар насл дар шароити худ ба воя мерасад. Чизе ки барои падару модар ғайриоддӣ аст, ҳоло барои ҷавонон муқаррарӣ мебошад.
Баъзан норозигии калонсолон аз ташвиш сар мезанад. Волидон ва омӯзгорон мехоҳанд ҷавонон муваффақ шаванд ва аз хатогиҳо дур бошанд.
Аз ин рӯ, масъала бештар дар ихтилофи назар байни наслҳо аст, на дар он ки як тараф ҳамеша ҳақ бошаду тарафи дигар ноҳақ. Баъзе танқидҳои калонсолон асос доранд, баъзеашон бошад, аз муқоисаи замони имрӯз бо гузаштаи идеализатсияшуда сарчашма мегиранд.
Хӯрдан, истироҳат ва фароғат ниёзҳои табиии инсонанд, вале агар зиндагӣ танҳо ба ҳаминҳо маҳдуд шавад, бисёр одамон баъд аз муддате бемаънӣ будани зиндагиро эҳсос мекунанд. Инсон одатан ба чизҳои дигар ҳам ниёз дорад: меҳнат, эҷодкорӣ, омӯзиш, муҳаббат, оила, дӯстӣ, эҳтиром ва эҳсоси муфид будан барои дигарон.
Фароғат лаззат мебахшад, аммо маънои зиндагиро намедиҳад. Аз ҳамин сабаб, одамоне ҳастанд, ки тамоми шароитҳои моддиро доранд, вале худро хушбахт ҳис намекунанд ва баръакс, касоне ҳастанд, ки бисёр меҳнат мекунанд, аммо аз зиндагии худ қаноатманданд.
Насли наврас ва ҷавонони имрӯза авлоди замони худанд. Шояд аз ҳамин сабаб, онҳо ба ҳар гуна амалҳои нохуб низ даст ҳам мезананд. Онҳо асири смартфону интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Фоидаву зарари онҳо борҳо таъкид карда шудааст. Дар зери асорати технологияҳои муосир баъзе бачаҳову ҷавонон нисбат ба олами ҳайвоноту наботот бераҳмиҳо зоҳир карданд, бадбинӣ афзудааст, нисбати ҳамсолон амалҳои ҷиноӣ содир намуданд ва ҳатто ба худкушӣ даст заданд. Бинобар ҳамин, дар баъзе мамлакатҳо истифодаи телефону смартфонҳо барои хурдсолон манъ карда шуд. Зеро дар давоми 30–40 соли охир технологияҳои рақами ҳаёти инсониятро тағйир доданд: Хондани китобу рӯзнома ва маҷаллаҳо аҳамияти худро каму беш гум кард, ҳоло қариб ки ниёз ба телевизион намонд, бачаҳову наврасон аз расму оинҳо ва арзишҳои миллӣ дур мешаванд.
Насли нав меҳнатро хуш надорад, вале роҳату фароғатро меписандад. Саломатии худро дӯст медорад. Аз рӯи ақидаи экспертҳо, 63 дарсади онҳо барои барқарории саломатии худ зуд-зуд ба духтурон муроҷиат мекунанд.
Боре ҳангоми сафари матбуотӣ мо аз директори филиали ҳудудии Маркази ихтисосонидашудаи илмӣ-тиббии кардиологияи ҷумҳурӣ Хушнуд Низомов пурсидем, ки солҳои охир чаро бемориҳои дил, инсулту инфаркт бисёр мешаванд, ӯ бо як сухан ҷавоб дод:
— Ҳамааш аз роҳат аст!
Мо кор накарда, фақат роҳату фароғат кардан хоҳем, ин ба маъное қабри худро бо дастони худ кофтан нест!
Б.ҶУМЪАЕВ
