Ovozi.uz

Сессияи ЮНЕСКО бори аввал дар Самарқанд мегузарад

Рӯзҳои охири моҳи октябр дар Самарқанд сессияи 43‑юми Сарконференсияи Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба масъалаҳои таълим, фан ва маданият (ЮНЕСКО) кори худро оғоз мекунад.

Аҳамияти алоҳидаи форуми байналмилалии мазкур ҳамин, ки он бори аввал дар 40 соли охир на дар штаб-квартираи ЮНЕСКО дар Париж, балки дар Самарқанд — шаҳре, ки Шарқ ва Ғарбро мепайвандад, баргузор мегардад. Зиёда аз ин, сессияи ҷашнӣ ба 80‑солагии худи ташкилот мутобиқ оварда мешавад.

Бар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15‑уми марти соли 2024, ҳайати кумитаи ташкилӣ роҷеъ ба тайёрӣ ба чорабиниҳо, ки корҳои маҷмӯиро амалӣ мекунад, тасдиқ шуда буд, гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шудаанд, ки вазифаҳои амалии бо ташкили форум вобастаро иҷро мекунанд.

— Барои ба таври муносиб пешвоз гирифтани иштирокчиён ва меҳмонони фахрии сессия дар фурудгоҳи байналмилалӣ ва вокзали роҳи оҳани Самарқанд имконият ва шароитҳои иловагӣ фароҳам оварда шудаанд, — гуфт ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов. — Дар ҳамкорӣ бо органҳои профилӣ роҷеъ ба таъмини бехавфӣ, ҳангоми зарурат расондани ёрии тиббӣ, хизматрасонии нақлиётӣ кор бурда мешавад. Барои меҳмонон шаш самти сайёҳӣ таҳия карда шудааст, инчунин ҷойҳое муайян гардидаанд, ки онҳо метавонанд, хӯрокҳои миллии ӯзбекӣ хӯранд ва бо тарзи зисти халқи мо аз наздик шинос шаванд.

Аз 22‑юми сентябр дар Самарқанд штаби тайёрӣ ба форуми байналмилалӣ расман фаъолияти худро оғоз кард. Ба кори штаб кормандони вазорат, идораҳо ва ташкилотҳои масъул ҷалб карда шуданд. Фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо якҷоя бо штаб-квартираи ЮНЕСКО назорат ва мутобиқ карда мешавад.

Алҳол як қатор масъалаҳо ҳал карда шуданд, ки бо логистика, ҳамкорӣ бо ВАО, тайёр намудани маводҳои ахборӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои иштирокчиён ва меҳмонон вобастаанд.

Чорабиниҳои асосӣ дар Маркази байналмилалии сайёҳии Silk Road Samarkand баргузор мешаванд. Дар ҳашт меҳмонхонаи маркази мазкур ҳайати намояндагони дараҷаи баланд ва иштирокчиёни конференсия ҷойгир мешаванд. Ғайр аз ин, дар 130‑то меҳмонхонаи шаҳри Самарқанд низ барои меҳмонҳои форум ҷойҳо тайёр карда шудаанд.

Дар доираи тайёрӣ дар қаламрави экспомаркази маҷмӯи сайёҳӣ инфрасохтори замонавӣ ва бехавф: офисҳои корӣ барои 600 нафар нав карда мешаванд, таъмир ва ҷиҳозондани ҳафт толор барои сессияҳои панелӣ бо 1500 ҷой, стендҳои намоишӣ барои презентатсияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳо анҷом дода мешаванд. Дар марказ ва шаҳри Самарқанд пресс-­марказҳо барои намояндагони ВАО фаъолият пеш мебаранд.

Иштироки роҳбарият ва котиботи ЮНЕСКО бо ҳайати пурра — наздик ба беш аз 4000 вакил аз 193 давлати узви ташкилот пешбинӣ мешавад. Дар рӯйхати меҳмонон сарварони давлатҳо, роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ, вазир ва сафирҳо дохил карда шудаанд.

Дар доираи сессия гузарондани Форуми ҷавонони ЮНЕСКО, ҷамъомадҳои комиссияҳои миллӣ, маросими супурдани мукофоти ба номи ал-­Берунӣ, намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар музей, инчунин барномаи консертӣ бо иштироки ситораҳои санъат ба нақша гирифта шудааст.

Ғолиб ҲАСАНОВ