Ovozi.uz

Таҷрибаи байналмилалӣ дар рушди деҳаҳои сайёҳӣ: модели «амиш» ва имкониятҳои Самарқанд

Дар моҳи сентябри соли 2025 дар ҷараёни сафар ба ИМА, ман ба минтақаи Amish Country, иёлати Пенсилвания рафтам. Ин сафар барои ман на танҳо як сайри оддӣ, балки гӯё ворид шудан ба давру ҷаҳони тамоман дигар буд. Тарзи зиндагӣ, арзишҳо ва фарҳанги халқи амиш на танҳо дар ИМА, балки дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як падидаи вижа шинохта мешавад. Имрӯз мехоҳам ин таҷрибаро баён кунам ва дар бораи Cайёҳии амишҳо маълумоти муфассал диҳам, зеро шинохтани ҳаёт, арзишҳо ва нақши онҳо дар сайёҳӣ на танҳо ҷолиб, балки аҳамияти таълимӣ низ дорад.

Амишҳо дар охири асри XVII аз ҳудудҳои Швейтсария ва Олмон кӯч баста, барои ҷустуҷӯи зиндагии нав ба Амрико омадаанд. Аз солҳои 1700 инҷониб, ин ҷомеа дар Пенсилвания сокин шуда, бо соддагӣ ва даст кашидан аз технологияҳои муосир машҳур гашт. Дар айни замон, шумораи амишҳо дар саросари ИМА аз 370 ҳазор нафар гузаштааст; танҳо дар округи Ланкастер (воқеъ дар иёлати Пенсилвания) зиёда аз 40 ҳазор амиш зиндагӣ мекунад. Шумораи аҳолии амиш ҳар сол ба ҳисоби миёна 3–4 фоиз меафзояд, ки ин онҳоро ба яке аз гурӯҳҳои босуръат рушдёбандаи ҷаҳон табдил додааст.

Зиндагии амишҳо тамоман дигаргуна аст. Онҳо мошин намехаранд, аз нерӯи барқ истифода намебаранд, аз интернет ва телефонҳои мобилӣ қариб пурра даст кашидаанд. Воситаи нақлиёти онҳо аробаҳои аспист.

Сабаби ин — дар эътиқоди динии онҳо соддагӣ ва ҷудо будан аз ҷаҳони муосир арзиши бузург дорад. Дар замони ҳозира чунин тарзи зиндагӣ, табиист, ки дар миёни меҳмонон таваҷҷуҳи зиёдро бедор мекунад.

Либосҳои онҳо якранганд — сиёҳ, сафед ё хокистарӣ. Занҳо ҳамеша рӯймолҳои сафед ба сар мепӯшанд, мардон бошад, риш мегузоранд ва куртаву шимҳои оддӣ мепӯшанд. Дар хонаводаҳои амиш доштани фарзандони зиёд як чизи табиӣ аст — ба ҳисоби миёна 7–8 кӯдак таваллуд мешавад. Аз ҳамин сабаб, ҷомеаи онҳо босуръат меафзояд. Кӯдакони амиш танҳо то синфи 8‑ум таҳсил мекунанд. Дар мактаб, илова ба донишҳои назариявӣ, онҳо кишоварзӣ, дӯзандагӣ ва дуредгариро меомӯзанд. Ин низоми таълимӣ ба арзишҳои ҷомеаи амиш мувофиқ буда, фарзандонро ба тарзи анъанавии зиндагӣ омода месозад.

Дар ҷомеаи амиш меҳнат арзиши бузург дорад. Ҳар кор дар шакли дастаҷамъӣ анҷом дода мешавад. Масалан, сохтани хонаи нав кори як оила нест — тамоми деҳа дар он иштирок мекунад. Дар як рӯз даҳҳо мард тахтаҳоро ҷамъ карда, хона месозанд, занон бошанд, ғизо тайёр карда, ба кӯдакон нигоҳубин мекунанд. Ин анъана, ки «barn raising» ном дорад, на танҳо рамзи меҳнат, балки намунаи равшани ҳамбастагӣ низ мебошад.

Имрӯз Amish Country яке аз минтақаҳои сайёҳии машҳуртарини ИМА ба ҳисоб меравад. Ҳар сол 4–5 миллион сайёҳ ба ин ҷо меояд. Округи Ланкастер ба яке аз марказҳои сайёҳӣ табдил ёфтааст, ки меҳмонон дар он ҷо метавонанд тарзи зиндагии амишҳоро бо чашми худ бинанд, бо аробаи аспгард сайр кунанд, маҳсулоти бо дасти онҳо истеҳсолшударо харидорӣ намоянд. Мебелҳои чӯбини амишҳо сохта дар ҷаҳон машҳуранд ва бо сифату устувории худ фарқ мекунанд. Нон ва шириниҳое, ки дар нонвой­хонаҳои амишҳо пухта мешаванд, инчунин маҳсулоти органикии кишоварзони маҳаллӣ дар байни сайёҳон хеле серталабанд.

Дар иқтисоди амишҳо, кишоварзӣ ва ҳунармандӣ ҷойи асосиро ишғол мекунанд, аммо дар солҳои охир саҳми сайёҳӣ низ ба таври назаррас афзудааст. Маҳсулоти онҳо сохта ва озуқавориашон дар бозори дохилии ИМА солона тақрибан ба 500 миллион доллар савдо мешаванд. Ғайр аз ин, даромади онҳо тавассути хидматрасониҳои сайёҳӣ, экскурсия ва сафарҳо низ пайваста меафзояд.

Бартарии асосии амишҳо дар сайёҳӣ — тарзи зиндагии онҳоест, ки дар ҳеҷ куҷои дигари дунё дидан мумкин нест. Дар асри XXI дидани халқе, ки бе интернет ва технология, бе мошин зиндагӣ мекунад ва шабона ба ҷои барқ чароғ (шамъ)-ро меафрӯзад, барои ҳар як сайёҳ таҷрибаи ғайриоддӣ аст.

Сабабҳои муваффақияти амишҳо дар соҳаи сайёҳӣ зиёданд. Аввалан, онҳо бе даст кашидан аз анъанаҳои худ тавонистанд сайёҳиро рушд диҳанд. Сониян, маҳсулоти бо меҳнати ҳалоли онҳо тайёршуда ва ғизоҳои органикӣ ба тамоюли ҷаҳонии тарзи ҳаёти солим мувофиқат мекунанд. Сеюм, минтақаҳои онҳо бо оромӣ ва манзараҳои зебои табииашон сайёҳонро ҷалб менамоянд.

Аз зиндагии ҷомеаи амиш дарси зиёд гирифтан мумкин аст. Онҳо нишон медиҳанд, ки хушбахтӣ дар соддагист, қувва дар ҳамбастагӣ ва арзиш дар меҳнати ҳалол аст. Ин таҷрибаро метавон дар сайёҳии деҳоти вилояти Самарқанд низ татбиқ кард. Масалан, дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд деҳаҳои дорои табиати зебо ва анъанаҳои ғанӣ, мисли Ғӯс ва Сойи Ғӯс мавҷуданд. Бо татбиқи таҷрибаи амиш дар чунин минтақаҳо, мумкин аст сайёҳиро ба сатҳи нав бардошт.

Дар шароити Ӯзбекистон низ чунин моделро метавон амалӣ кард, аммо ин бояд тадриҷан сурат гирад. Пеш аз ҳама, чунин лоиҳа бояд аз ҷониби давлат дастгирӣ ёбад. Зеро, сайёҳии деҳот фавран фоидаи калон намеорад, балки дар давоми чанд сол ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, дар ду соли аввал лозим аст, ки ҳукумат грантҳо ё субсидияҳо ҷудо намояд. Дар марҳалаи аввал бояд оилаҳое муайян шаванд, ки ба сайёҳӣ таваҷҷӯҳ доранд ва имкони пазируфтани меҳмононро доранд. Барои чунин оилаҳо бояд омодагии ибтидоӣ дар самти манзил, шароити санитариву гигиенӣ ва фарҳанги хизматрасонӣ таъмин гардад.

Дар марҳалаи дуюм, давлат бояд ин оилаҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва ташкилӣ дастгирӣ намояд. Масалан, таъмири хонаҳо барои мутобиқ кардани онҳо ба қабули меҳмонон, таъмин намудани воситаҳои санитарӣ, кӯмак дар офаридани инфрасохтори сайёҳӣ тавассути грант — ҳамаи ин амалҳо имконпазиранд. Ҳамзамон, таълим додани фарзандон ва ҷавонони ин оилаҳо дар самти асосҳои сайёҳӣ, меҳмоннавозӣ, забонҳои хориҷӣ ва хизматрасонӣ, аҳамияти бузург дорад. Тавре ки дар таҷрибаи амишҳо кӯдакон аз синни хурдсолӣ ба меҳнат ва ҳунар омӯзонда мешаванд, дар деҳаҳои мо низ ҷавонон метавонанд роҳҳои ба даст овардани даромад тавассути сайёҳиро омӯзанд.

Дар марҳалаи сеюм, давлат бояд ин оилаҳоро аз ҷиҳати молиявӣ ва ташкилӣ дастгирӣ кунад. Масалан, таблиғи сайёҳӣ, маркетинг, реклама, офаридани бастаҳои сайёҳии деҳот дар платформаҳои онлайн ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ — ҳамаи ин вазифаҳо дар оғоз бар дӯши ҳукумат ва ҳокимияти маҳаллӣ меафтанд. Ба ин тарз, дар давраи ибтидоӣ хатари молиявӣ коҳиш ёфта, оилаҳо бидуни тарс метавонанд ба соҳаи сайёҳӣ ворид шаванд.

Дар марҳалаи чоруми татбиқ, яъне пас аз гузашти солҳои аввал, сайёҳӣ ба таври худкор ба фаъолият шурӯъ мекунад. Зеро, сайёҳон барои таҷриба ба ин деҳаҳо меоянд, маҳсулоти табииро мечашанд, нонуштаи миллиро мехӯранд, дар намоишҳои фолклорӣ ширкат меварзанд, савори асп мешаванд ва дар корҳои кишоварзӣ бевосита иштирок мекунанд.

Мисли таҷрибаи амишҳо, дар деҳаҳои Ғӯс ё Сойи Ғӯс низ нонҳои гарм аз танӯр, шири навдӯшида, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти ҳунармандӣ таваҷҷуҳи зиёд меангезанд.

Ҳамзамон, самараи иқтисодии ин лоиҳа низ баланд хоҳад буд. Масалан, агар як оила дар як сол ба ҳисоби миёна 200–300 сайёҳро қабул кунад ва аз ҳар як сайёҳ ба ҳисоби миёна 40–50 доллари ИМА даромад ба даст оварад, ин маънои онро дорад, ки дар як сол аз 10 то 15 ҳазор доллари иловагӣ ба даст меояд. Агар 50 оила дар ин лоиҳа иштирок кунанд, даромади умумӣ аз сайёҳии деҳот метавонад аз 500 ҳазор доллар дар як сол зиёдтар гардад. Чунин миқдор ба даромади аз кишоварзӣ бадастомада зам шуда, сатҳи зиндагии оилаҳоро беҳтар месозад ва инфрасохтори маҳаллиро рушд медиҳад.

Ҳамин тариқ, ин лоиҳа на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки аз лиҳози иҷтимоӣ низ судманд хоҳад буд. Ҷавонони деҳот тавассути сайёҳӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд, анъанаҳои миллӣ эҳё мешаванд, талабот ба маҳсулоти экологии тоза меафзояд ва инфрасохтори деҳот рушд мекунад. Таҷрибаи амишҳо барои деҳаҳои Самарқанд низ дарси бузург аст — метавон тавассути ҳифзи арзишҳои миллӣ сайёҳии муосирро инкишоф дод.

Ҷасур РАҲМОНОВ, муҳаққиқи мустақили Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим»