Ovozi.uz

Ҳоло одамон аҷиб шудаанд…

Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо баъзан чашматон ба электросамокатҳое меафтад, ки бачаҳову ҷавонон баъди истифода дар ҷойи ростомада партофта рафтаанд. Дар канори роҳ, ё ягон ҷойе, ки ба рафтуомади мардум халал нарасонад, гузоранд ҳам мешавад. Вале не. Гӯё барқасд онро дар сари роҳи мошингард ё пиёдагард мегузоранд, ки ба тори асабҳои одамон таъсир расонанд ва ё асабонӣ карда, ҳақорату дуои бад шунаванд?! Оё ҳозир халалрасонӣ ба дигарон, барангехтани қаҳру ғазаб ва ё асабиву ба стресс дучор гардонидани дигарон мӯд шудааст?!

Шаҳри мо — Самарқанд торафт ободу зебо мегардад. Нисбат ба солҳои пеш дар ин шаҳри қадима гулгашту хиёбонҳои зиёде ташкил ёфтаанд. Бар замми гулу бутта ва ниҳолу дарахтон, майдонҳои сабзаҳои тару тоза зебу оро медиҳанд. Дар болои онҳо ҷавонон, ки аксарияташонро духтарон ташкил медиҳанд, нишаста, китоб мехонанд, ба дарсҳо тайёрӣ мебинанд ва ё чизе нӯши ҷон карда, суҳбат меороянд. Инро дида, одам хурсанд мешавад. Мепиндорад, ки ишқу муҳаббати ҷавонон на танҳо ба илму донишомӯзӣ меафзояд, балки боз вақти худро дар оғӯши табиат мегузаронанд ва ин боиси афзуншавии меҳру муҳаббати онҳо нисбат ба Модар-­Табиат мегардад. Вале афсӯс, ки аз ҳамон ҷойҳо пас аз 2–3 соат гузаред, аллакай ҷавонон нестанду чашматон ба ғарами партов — коғазҳои конфет, пӯчоқи писта, рӯварақҳои ҳасибу панир, қуттиҳои картонии яхмос, пасмондаҳои хӯрок, шишаҳои пластикии обу шарбат ва ғайра меафтанд. Вале, қуттиҳои партовандозӣ дур нестанд. Барои ба даруни онҳо бурда рехтани партовҳо чӣ иҷозат намедиҳад? Ғурур!

Охир барои тозаву озода ва сарсабзу хуррам нигоҳ доштани боғу хиёбонҳо кормандони департаменти ободонии шаҳр кам заҳмат мекашанд? Магар заҳмати дигаронро эҳтиром кардан аз фазилатҳои хуби инсонӣ нест?!

Ҳангоме, ки бо автобус меравед, нохост автобус ҳаракаташро суст мекунед ва ё якбора меистад. Мебинед, ки дар пеш ягон таксирон қариб ними роҳро банд карда, барои гирифтани мизоҷ қарор гирифтааст. Каме дар канортари роҳ истодан, ба ҳаракати нақлиётҳои дигар халал нарасонидан ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеояд. Гӯё ин роҳ аз падару бобояш ба ӯ мерос мондаасту ҳар коре, ки хоҳад, бемалол мекунад. Ба вай пайравӣ карда, боз як ё ду таксии дигар ҳам аз паси ӯ қатор мешаванд, ки мабодо вай он мусофирро нагирад, онҳо мегиранд. Ягон ронандаи дигар ба ӯ ва ё ба ӯ монанд таксиронҳо эрод гиранд, ҷавобашон тайёр:

— Ман бояд «клиент» гирам. Ана роҳ калон, аз он тараф гузаштан гиред…

Овози норизоӣ, гапҳои тунду тез, таҳқиру ҳақоратҳо, сигнали мошинҳо баланд мешавад. Вале ба ҳамаи инҳо таксирон парвое надорад. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад ва ё аниқтараш кисаи ӯ пур шавад.

Солҳои ҳафтодуми асри гузашта, дар Самарқанд ҳам трамвай, ҳам троллейбус ва ҳам автобусҳо дар ҳаракат буданд. Трамваю троллейбус аз зумраи нақлиёте ба ҳисоб мераванд, ки ба тозагии ҳаво зараре намерасонанд. Чанд сол пеш ҳаракати трамвайҳо боз роҳандозӣ шуд. Вале ҳамагӣ дар ду хатсайр. Ба ҷойи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза электромобилҳо омаданд. Шумораи онҳо ва дигар мошинҳои сабукрави аккумляторӣ меафзоянд, ки ин боиси хушнудист. Дар мамлакатамон заводҳои мошинбарорӣ, ки ҳастанд, мошинҳо дар шаҳр хеле зиёд шудаанд. Дар баъзе маҳаллаҳо роҳҳо танг ва зуд-зуд асфалтҳояш хеста, пасту баландиҳо ба вуҷуд меоянд. Ба соҳибони хонаву ҷойҳое, ки дар сари роҳ қарор доранд, барои он ки мошинҳо каме аз онсӯтар ҳаркат кунанд, дар пеши дарҳояшон мондани сангҳои калон «анъана» шудааст. Ин ба ҳаракати нақлиёт халал мерасонад. Истгоҳҳои автомобилӣ, ки каманд, аксарият барои коре мошинро дар лаби роҳ монда, ба дӯкону мағоза медароянд ва ё аз паси кори худ мешаванд. Як омӯзгори донишгоҳ нақл кард:

— Барои ба нақшаи корӣ имзо мондан мошинро дар лаби роҳ, пеши хонаи шахсе монда, ба бинои институт даромадем. Кор бисёр буду боз ба як чорабинӣ бояд мерафтем. Гашта бароем, чор чархи мошинро сӯрох кардаанду онҳо дам надоранд. Асабонӣ шудем. Дари ҳамон ҳавлиро тақ-тақ кардем, ки сабаби ин корашонро пурсем. Вале касе набаромад. Шояд аз ягон ҷо аҳволи моро дида механдид. Дами як балон мебуд, илоҷе мекардем. Маҷбур чорае наёфта, эвакуаторро ҷеғ задем. Чаро одамон ин қадар бадаъмол шудаанд, худамон ҳам намефаҳмем…

Боре гувоҳи воқеае шудам. Духтараке дар автобус менишаст. Дар дасташ смартфону худ ғарқи тамошову бозии он. Дар ҷойи холии паҳлӯяш сумкаашро гузоштааст. Бисёриҳо дар назди ӯ рост истанд ҳам, ӯ аз худаш дониста, сумкаашро намегирифт.

Ин рафтори ӯ ба дигарон як намуди бадӣ бошад ҳам, ӯ дарк намекард, ё эҳтимол барои роҳату фароғати шахсии худ ин гуна амалро раво медид.

Драматурги машҳур Бернард Шоу гуфта будааст: «Ҳоло одамон аҷиб шудаанд. Ба якдигар зиштӣ мекунанду аз Худо бахшиш мепурсанд».

Бахтиёри ҶУМЪА