Ovozi.uz

Сарбозон барои гирифтани тавсиянома имтиҳон супурданд

Хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳавзаи марказии ҳарбӣ хидмат мекунанд, барои гирифтани тавсияномаи имтиёзноки фармондеҳии қисми ҳарбӣ аз санҷишҳои тестӣ гузаштанд.
Санҷишҳо барои баҳодиҳии ниҳоии барномаҳои омодагии ҷангӣ ва маънавию тарбиявии даъватшавандагон ташкил карда шуданд. Дар ин ҷараён довталабон аз рӯи омодагии ҷангӣ 40, омодагии маънавӣ-маърифатӣ 20, математика ва физика 20 ва боз 20 супориши мантиқии тестиро иҷро карданд.
— Дар хизмати ҳарбӣ дар баробари омодагии ҷангӣ барои мустаҳкам намудани донишҳои маънавию маърифатӣ ва омӯхтани фанҳои математика ва физика имкониятҳои васеъ пайдо кардам, — гуфт хизматчии ҳарбии муддатнок Ҷавоҳир Валиев. — Санҷишҳое, ки барои тавсияномаҳои имтиёзнок гузаронида мешаванд, албатта, омодагии моро баҳо медиҳанд. Ба ҳамаи талабгорон барори кор орзумандам.
Даъватшавандагоне, ки аз имтиҳонҳо бомуваффақият мегузаранд, тавсияномаҳои имтиёзнок мегиранд ва имкони дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тавассути квотаҳои иловагӣ пайдо мекунанд.