Аз 1-уми май нархи қувваи электр ва гази табиӣ тағйир меёбад

Бар асоси қарори Девони Вазирон аз 16-уми апрели соли 2024 «Дар бораи чораҳои иловагии роҳандозӣ кардани механизми бозор дар соҳаи сӯзишворӣ — энергетика дар солҳои 2024—2025» нархҳои нави зина ба зина тағйирёбандаи захира (ресурс)-ҳои сӯзишворӣ-­энергетика ва аз 1-уми майи соли 2024 меъёрҳои базавии истифодаи якмоҳаи қувваи электр ва гази табиӣ барои аҳолӣ тасдиқ гардиданд.
Аз 1-уми май барои истифодаи захираҳои энергия меъёр (норма)-и иҷтимоӣ ба таври зайл муайян карда шуд:
— барои қувваи электр — ҳар моҳ то 200 кВт /соат;
— газ (аз март то октябр) — то 100 метри мукааб;
— газ (аз ноябр то феврал, яъне дар мавсими гармкунии биноҳо) — то 500 метри мукааб.
Вақте меъёри иҷтимоии истифодаи энергия мегӯем, бояд энергияеро фаҳмид, ки ҳангоми онро харидани аҳолӣ аз рӯи тарифи иҷтимоӣ ҳисоб мекунанд. Яъне, энергия то ба меъёри маълум бо нархи нисбатан паст (имтиёзнок) ва барои истифодаи аз ин меъёр зиёд бо нархи бозор фурӯхта мешавад.
Аз санаи мазкур нархҳо барои ресурсҳои энергия баланд мешаванд.
Қувваи электр
Аз 1-уми май нархи қувваи электр барои гурӯҳҳои I ва II истеъмолчиён бетағйир гузошта шуд. (Барои 1 кВт/соат ба таври мос 1000 сӯм ва 900 сӯм).
Барои истеъмолчиёни гурӯҳи III, аз ҷумла барои истеъмолчиёни маишӣ, ки дар биноҳои бисёрқабатаи истиқоматӣ ва хобгоҳҳои бо плитаҳои электрӣ ба таври марказонида ҷиҳозонида шуда зиндагӣ мекунанд, аз истеъмоли якмоҳа баромада, ҳар моҳ барои истеъмолчиёни қувваи электр, ки:
— ба қисми то 200 кВт/соат буда 225 сӯм,
— аз 201 кВт/соат то 1000 кВт/соат 450 сӯм,
— аз 1001 кВт/соат то 5000 кВт/соат 675 сӯм,
— аз 5001 кВт/соат то 10000 кВт/соат 787,5 сӯм,
— аз 10000 кВт/соат ва аз он боло қувваи электр истифода бурдаанд, музди 9000 сӯм муайян шуд.
Барои истеъмолчиёни маишии боқимонда (аҳолӣ) аз истифодаи якмоҳа баромада, музди ҳармоҳа барои истифодаи ҳар 1 кВт/соат қувваи электр:
— барои то 200 кВт/соат 450 сӯм,
— аз 201 то 1000 кВт/соат 900 сӯм,
— аз 1001 кВт/соат то 5000 кВт/соат 1350 сӯм,
— аз 5000 кВт/соат то 10000 кВт/соат 1575 сӯм,
— аз 10000 кВт/соат ва аз он боло 1800 сӯм муайян гардид.
Гази табиӣ
Нархи як метри мукааби гази табиӣ, ки аз моҳи ноябр то моҳи феврал, дар мавсими гармкунӣ ба аҳолӣ расонда мешавад:
— то 500 метри мукааб аз 380 сӯм то 650 сӯм,
— аз 501 то 2500 метри мукааб 1500 сӯм,
— аз 2501 то 5000 метри мукааб 1950 сӯм,
— аз 5001 то 10000 метри мукааб 2275 сӯм,
— аз 10000 метри мукааб ва аз он боло 2600 сӯм муайян карда шуд.
Тарифҳо:
дар моҳҳои март-октябр
— барои истифодаи то 100 метри мукааб газ 650 сӯм,
— аз 101 то 2500 метри мукааб 1500 сӯм,
— аз 2501 то 5000 метри мукааб 1950 сӯм,
— аз 5001 то 10000 метри мукааб 2275 сӯм,
— аз 10000 метри мукааб ва аз он боло 2600 сӯм муайян гардиданд.
Дар ҳоли набудани ҳисобкунак ва додани газ барои тайёр кардани хӯрок ва таъминоти оби гарм барои ҳар як метри мукааби он аз 660 то 1200 сӯм (+81,8 дарсад), барои гарм кардан аз 380 сӯм то 700 сӯм (+84,2 дарсад) зиёд мешавад.
Тарифи гази моеъ барои аҳолӣ барои 1 кг. аз 1120 то 1600 сӯм (+42,8 дарсад) зиёд мешавад.
Аз 1-уми июни соли 2024 нархи газ дар шабакаҳои компрессорҳои газпуркунанда аз 1500 то ба 1800 сӯм (+12 дарсад) зиёд мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ