Аввалин миссияи инсонӣ ба Моҳ дар тӯли беш аз ним аср ба анҷом расид — экипажи Artemis II-и NASA ба Замин бомуваффақият баргашт.
Кайҳоннавардони амрикоӣ Рид Уайзмен, Виктор Гловер, Кристина Кук ва кайҳоннаварди канадагӣ Ҷереми Ҳансен пас аз парвози 10-рӯза ба уқёнуси Ором, дар соҳилҳои Сан-Диего бомуваффақият фуруд омаданд.
Дар давоми миссия, экипаж масофаи дуртарин аз Заминро тай кард — беш аз 252,000 мил (тақрибан 406,000 км). Масофаи умумии тайкардаи онҳо қариб 694,000 милро ташкил дод. Ин рақам рекорди соли 1970-ро, ки миссияи Apollo 13 гузошта буд, нав кард.
Парвоз 1-уми апрел аз Маркази кайҳонии Кеннеди бо ракетаи Space Launch System анҷом дода шуд. Экипаж бо киштии кайҳонии Orion дар атрофи Моҳ давр зада, ба Замин баргашт.
Экипаж, инчунин ҳангоми давр задани Моҳ аксҳои беназири гирифтани Офтоб, кратерҳо ва «earthrise»-ро сабт карданд.
Пас аз анҷоми миссия, кайҳоннавардон аз ҷониби киштии Нерӯҳои баҳрии ИМА эвакуатсия карда шуданд ва аз муоинаи аввалияи тиббӣ гузаштанд. Онҳо бояд баъдтар ба Маркази кайҳонии Ҷонсон баргарданд.
Миссияи Артемис II як марҳилаи муҳим дар барномаи бозгашти одамон ба Моҳ аст. Акнун таваҷҷуҳ ба марҳилаи навбатӣ — Артемис III, равона шудааст, ки одамонро ба Моҳ фуруд меорад ва базаи доимӣ таъсис медиҳад.
