Дар шаҳри Самарқанд марҳилаи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» баргузор гардид.
Дар зинаҳои поёнии озмун, ки бо мақсади оммавӣ гардонидани таҷрибаи пешқадам дар татбиқи меъёрҳои «Хонадони обод», «Кӯчаи обод» ва «Маҳаллаи обод» таҳти лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ташкил карда шуд, аз вилояти мо 654 нафар раисони маҳаллаҳо, беш аз 1300 нафар сарвари кӯча ва қариб 2800 нафар соҳибони хонадонҳо ширкат варзиданд. 16 нафар иштирокчиёне, ки дар ҳар як самт ҷои якумро гирифтанд, дар мусобиқаи вилоятӣ баромад карданд.
— Дар гузашта ҳар зани хонашин субҳи барвақт аз хоб хеста, ҳавливу кӯчаҳоро тоза мекард, мардон бошанд, гирду атрофро сабзу хуррам мекарданд, — гуфт мушовири раиси Иттифоқи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Собирҷон Муродов. — Аммо вақтҳои охир ин анъанаҳо каме фаромӯш шуда истодаанд. Маданият, маърифат, файзу баракат… Ҳамаи ин дар ҷои обод аст, албатта. Озмун аз он ҷиҳат ҳам аҳамияти калон дорад, ки мақсад аз он боз эҳё кардан ва боз ҳам такмил додани арзишҳои халқи мост.
Ҳайати ҳакамон, ки аз 9 нафар иборат буд, ба ҳунарнамоии иштирокчиён, ки дар ду шарт рақобат карданд, баҳогузорӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷамъбастӣ ҷои аввалро дар бахши «Хонадони обод» соҳиби хонаи рақами 235‑и деҳаи Дуобаи маҳаллаи Ӯзбекистони ноҳияи Нарпай Ҳаким Расулов, дар бахши «Кӯчаи обод» сарвари кӯчаи Абдулла Қаҳҳори маҳаллаи Ипаклии ноҳияи Ургут Асрор Турсунов ва дар бахши «Маҳаллаи обод» раиси маҳаллаи Шовонаи ноҳияи Қӯшработ Азиз Абдувоҳидов соҳиб шуданд. Ба ҳамаи ғолибон ва ҷоизадорон аз ҷониби ташкилотчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Онҳое, ки ҷои аввалро гирифтанд, имкон доранд, ки дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ барои гирифтани ҷоизаи олӣ — электромобил мубориза баранд.
