Ovozi.uz

«Мо халқи китобдӯстем, ҷамъияти зиёием»

Бо мақсади пурмазмун гузаронидани вақти холии донишҷӯёни факултети ҳисоби бухгалтерия ва менеҷменти Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд, инчунин, барои зиёд намудани шавқмандии онҳо ба илмомӯзӣ ва васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо дар мавзӯи «Мо халқи китобдӯстем, ҷамъияти зиёием» чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ба тарғиби мутолиаи китоб ва маданияти китобхонӣ, ташаккул додани диди бадеӣ-­эстетикии ҷавонон ва ба маърифат роҳнамоӣ кардани онҳо нигаронида шуд. Дар он профессор-­устодон ва донишҷӯёни донишкада, инчунин, ҷавонони китобдӯст иштирок намуданд.

Дар давоми чорабинӣ донишҷӯён аз асарҳои дӯстдоштаи худ порчаҳо қироат карда, мазмуну моҳияти онҳоро таҳлил карданд. Онҳо дар бораи мақоме, ки китоб дар рушди тафаккури инсон ва таъсире, ки он дар нигоҳи ҷавонон ба ҳаёт дорад мубодилаи афкор намуданд.

Ғайр аз ин, дар доираи чорабинӣ фонди ғании китобхона нишон дода ва тақдимоти адабиётҳои нав гузаронида шуд. Иштирокдорони фаъол барои ҳиссае, ки ба тарғиби китобхонӣ гузоштанд, бо ташаккурнома ва тӯҳфаҳои хотирмон сарфароз гардиданд.

Дар охир иштирокдорон таассуротҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки тез-тез гузаронидани ин гуна чорабиниҳои маънавӣ-маърифатӣ хеле зарур аст. Ин гуна чорабиниҳои китобхонӣ ба рушди сатҳи дониши насли ҷавон, васеъ намудани тафаккури онҳо ва ташаккули ҷамъияти интелектуалӣ мусоидат мекунанд.

С.ҚИПЧАҚОВА,
устоди кафедраи «Омӯзиши забонҳо»-и
Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд