Ovozi.uz

Дар Самарқанд Олимпиадаи байналмилалии физика оғоз шуд

Имрӯз дар Маркази ҷавонони шаҳри Самарқанд маросими тантанавии кушодашавии II Олимпиадаи байналмилалии физикаи ба номи Аҳмади Фарғонӣ баргузор гардид.

Дар маросим ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Ҳусан Тӯхтаев ва ҷонишини директори Агентии муассисаҳои таълимии тахассусӣ Ҳасан Шокиров ба иштирокдорон барору комёбӣ орзу намуданд.

Рӯзҳои 10–17-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри бостонӣ ва ҳамеша ҷавони Самарқанд II Олимпиадаи байналмилалии физика ба номи Аҳмад ал-Фарғонӣ баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалии илмӣ дастаҳои мунтахаби кишварҳои Хитой, Урдун, Қазоқистон, Кувайт, Қирғизистон, Латвия, Малайзия, Муғулистон, Қатар, Руминия, Россия, Туркия, Туркманистон, Ветнам ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Дар мусобиқаи мазкур қариб 200 нафар навраси хориҷӣ ва қариб 100 нафар донишомӯзи ӯзбекистонӣ иштирок мекунанд.

Мақсади асосии олимпиада дарёфти ҷавонони болаёқат, мустаҳкам намудани шавқу рағбати онҳо ба илми физика, рушди иқтидори илмӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои мубодилаи дониш ва таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Ҳамчунин, ба ҷарайёни баргузории олимпиада коршиносони баландихтисос, олимони шинохта ва профессорони кишварҳои хориҷӣ ҷалб шудаанд.

Бо иштироки онҳо ба мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ташкил кардани мусобиқа, баҳодиҳии холисонаи дониш ва маҳорати иштирокдорон, инчунин мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмӣ эътибори махсус зоҳир мегардад.

Баргузории Олимпиадаи байналмилалии физика ба номи Аҳмад ал-Фарғонӣ дар шаҳри Самарқанд ба баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Ӯзбекистон дар соҳаи таълим ва илму фан, намоён сохтани салоҳияти зеҳнии насли ҷавон, инчунин барои рушди робитаҳои илмии байни кишварҳо хидмат мекунад.

Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ